Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар

Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар
Июн 20
12:59 2019

18 уми июни соли равон дар дар меҳмонхонаи “Lotus”-и шаҳри Душанбе  бо ибтикори Муассисаи давлатии «Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ» -и  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Раёсати СММ оид ба маводи нашъадор ва ҷинояткорӣ (UNODS) Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони  “Роҳҳои пешгирӣ ва бақайдгирии беморони нашъаманд, бемориҳои сироятии марбут ба он (ВНМО, ҳепатити В ва С) ва истифодабарии ғайритиббии маводи нашъаовар” мизи мудаввар доир гардид.

Дар ҳамоиш  намояндагон аз вазорату сохторҳои дахлдор, коршиносон, шарикони рушд, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Чорабиниро муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мимрҳамуддин Камолзода  ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муборизаи ҷаҳонӣ бо маводи нашъовар ва кӯмаку мусоидати созмонҳои умумибашарӣ барои пешгирии ин бемории аср изҳори назар намуд.

-Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳо дар мубориза бар муқобили маводи нашъамандӣ устувор буда, он пеш аз ҳама ба нафъи амният ва солимии ҷомеа равона шудааст, -афзуд ӯ.

Сипас роҳбари Раёсати Созмони Миллали Муттаҳид  (СММ) оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ- UNODS дар Тоҷикистон хонум Амилия Ҳанафот дар иртибот ба ин масъала ибрози андеша намуд.

Малахов М., Директори  Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ  зимни баромади хеш қайд намуд, ки 26 июн – Рўзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаоварро дар тамоми ҷаҳон қайд менамоянд.

–Нашъамандӣ  душмани ҳаёти солим буда, пешгирӣ  намудани ин вабои аср пеш аз ҳама ба воситаи боло бурдани маърифати тиббии мардум, ҳамкориҳои судманд  бо сохторҳои масъул ва  шарикони рушд ба даст меояд,-афзуд ӯ.

Дар идомаи мизи мудаввар инчунин баромадҳои Мирзоев Ш., муовини директори Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ, Анварова С., сардори шӯъбаи Муассисаи давлатии “Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим”, Боймуродов К., корманди  Муассисаи давлатии  “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО”, Сафарализода Б., сардори шуъбаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шунида шуда, аз рўи онҳо мубодилаи афкор баргузор гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மார்ச்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 474
  • 612
  • 863,566