Мониторинги фаъолияти Лоиҳаи TUTORIAL Erasmus+

Мониторинги фаъолияти Лоиҳаи TUTORIAL Erasmus+
Июн 03
11:16 2019

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар байни профессорон ва омӯзгорони кафедраҳои тахассусии факултети нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ мониторинги фаъолияти лоиҳаи TUTORIAL “Мустаҳкамкунии шабака оид ба омӯзиш, илм ва инноватсия дар соҳаи беҳдошти муҳити зист дар Осиё”, ки бо дастгирии барномаи Erasmus+ амалӣ мегардад, баргузор гардид.

Мониторинг аз ҷониби танзимгари миллии барномаи Erasmus+ дар Тоҷикистон Зарина Нуридинова гузаронида шуд.

Бино ба иттилои сомонаи донишгоҳи мазкур, дар оғози мониторинг муовини ректор оид ба таълим, доктори илмҳои тиб, профессор Саидмуқим  Ибодов меҳмононро хайрамақдам гуфта, қайд кард, ки ҳадафи аввалини Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино омода намудани мутахассисони баландихтисоси тиббии ба талаботи замонавии бозори меҳнат ҷавобгӯ мебошад.

Қайд карда шуд, ки дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи мазкур барномаҳои таълимӣ барои магистрон ва PhD докторантҳо дар соҳаи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ, беҳдошти муҳити зист ва беҳдошти меҳнат аз нав дида баромада, онҳо ба талаботи замонавӣ омода ва тасдиқ карда шуданд.

Солеҳ Шарипов,  танзимгари лоиҳа дар ҳисоботи худ қайд намуд, ки 25 омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон  ба номи Абӯали ибни Сино дарсҳои интенсивии забони англисӣ ва омӯзгорони кафедраҳои тахассусии факултети нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ омӯзишҳоро дар донишгоҳҳои Аврупо барои баланд бардоштани ихтисоси худ гузаштанд. Омӯзишҳо дар донишгоҳҳои Аврупо дар мавзӯҳои банақшагирӣ, коркард ва омӯзиш дар асоси маводҳои электронӣ бо истифода аз намуди омӯзиши омехташуда дар соҳаи беҳдошти муҳити зист (MLE) гузаронида шуд.

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи мазкур харидории дастгоҳҳои лаборатории замонавӣ барои гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи беҳдошти муҳити зист ва омӯзиши PhD докторантҳо дар донишгоҳҳои Аврупо ба нақша гирифта шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 701
  • 1,103
  • 947,439