Муҳоҷират ва бемории сил масъалаест, ки сари он андеша бояд кард.

Апрел 11
11:15 2017

Санаи 10 апрели соли равон  дар меҳмонхонаи «Шератон»- и пойтахти кишвар бо унвонии «Муҳоҷират ва бемории сил: назорати байнисарҳадии бемории сил дар Осиёи Марказӣ» ҷаласаи корӣ доир гардид. Дар ҷаласа намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намонядагони соҳаи муҳоҷирати кишвар инчунин масъулону ходимони соҳаҳои  тандурустӣ ва муҳоҷирати   Қирғизистон ва Қазоқистон иштирок намуданд.
Гуфта мешавад мақсад аз баргузор намудани  ин форуми сатҳи минтақавӣ, ки ҳар се моҳ баргузор мегардад, назорати бемории сил байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва иҷрои созишномаҳои дуҷониба оид ба ҳамкорӣ дар масъалаи назорати байнисарҳадии бемории сил, пешгирӣ ва муолиҷаи он байни муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.

Маврид ба таъкид аст, ки аз соли 2015 сар карда   ҳукуматҳои  ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, ва Узбекистон, Лоиҳаи HOPE бо дастгирии Хазинаи глобалӣ оид бамубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), сил ва вараҷа ва Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ҷиҳати беҳтарнамудани назорати байнисарҳадии бемории сил, пешгирӣ ва муолиҷаи он дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ вохӯриҳои доимӣмегузаронанд. Мулоқоти гурӯҳи кории минтақавӣ дар Душанбе идомаи вохӯрии дуввуми сатҳи баланд, ки дар шаҳри Остона дар санаи 2 – 3 декабри 2016 баргузор гардида буд, исобида мешавад. Дар ҷаласаи Остона дар санаи 2 – 3 декабри 2016 баргузоргардида нақшаи кории 12 моҳаи ҳамоҳангии назорати бемории сил байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва иҷроиши созишномаҳои дуҷониба оид ба ҳамкорӣ дар масъалаи назорати байнисарҳадии бемории сил, пешгирӣ вамуолиҷаи он байни муҳоҷирони меҳнатӣ аз минтақаи Осиёи Марказиро, мутобиқ гардида буд.

Вохӯрии дар Душанбе,  бо унвонии «Муҳоҷират ва бемории сил: назорати байнисарҳадии бемории сил дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардида низ мисли дигар вохӯриҳои қаблӣӯҳдадориҳои бесобиқаи давлатҳои Осиёи Марказӣ дар якҷоягӣҳаллу фасли мушкилоти сатҳи баланди паҳншавии бемории сил дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла байни муҳоҷирони меҳнатиро дар бар мегирад. Муҳоҷирони меҳнатӣ махсусан зери хатари гирифтории ин беморӣ мебошанд ва табобати он аз сабаби зуд – зуд сафар кардан, мушкилоти иҷтимоӣ вадастрасии маҳдуд ба ташхиси саривақтии  бемории сил ва табобат дар кишвари будубош, табобатро мушкил мегардонад. Муҳоҷират аз Осиёи Марказӣва муҳоҷирати дохилии байни ин кишварҳо яке аз роҳҳои пахншавии бемории сил мебошад ва боиси инкишофи шаклҳои мутобиқгаштаи ин беморӣ дарминтақа мегардад.

Вохӯрии мазкур бо дастгирии Хазинаи глобалӣ, USAID ва Лоиҳаи HOPE — ташкилоти байналмилалии ғайридавлатӣ ва башардӯстона, ки барномаҳои тандурустӣ ва маърифатиро дар байни аҳолии саросари ҷаҳон амалӣ менамояд,

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 734
  • 1,103
  • 947,472