Муҳофизони саломатии мардум

Муҳофизони саломатии мардум
Январ 08
18:29 2021

Чун имрӯзҳо  шиддати бемории сироятии короновируси нави COVID-19 дар кишвар бамаротиб коҳиш ёфта истодааст ва мардум ҳам як андоза хотирашон ҷамъ шудааст, месазад, ки дар бораи он рӯзҳои  басо пурмасъулят ва хоса нафароне, ки ҷон ба кафи даст гирифта,  содиқона ба касби хеш хидмат карданд, гуфта бошем.

Яке аз чунин муассисаҳо Беморхонаи ноҳиявии №4, воқеъ дар ҷамоати деҳоти «Унҷӣ»-и ноҳияи Б.Ғафуров мебошад.

-Он шабу рӯзҳои паҳншавии бемории короновирус 20 кати шӯъбаи сироятии беморхонаи мо ба маркази ташхису табобати гирифторони ин намуди беморӣ табдил дода шуд,-мегӯяд сардухтури беморхонаи номбурда Исломҷон Ҳусейнов.

Бино ба гуфти сардухтур, он шабу рӯзҳо маъмурияти беморхона новобаста аз макони истиқомати сироятёфтагон беморонро қабул ва табобат  мекарданд:

-Он лаҳзаҳо барои мо фарқе надошт, ки кадом бемор аз куҷо аст, муҳим бароямон онро саривақт қабул ва табобат кардан буд,-мегӯяд И.Ҳусейнов,- биноан беморон на танҳо аз ҷамоати деҳоти Унҷӣ, балки аз ҷамоатҳои деҳоти «Ғозиён»-у Зарзамин», Ёваю ба номи Ҳ.Усмонов, ҳатто бархе бошандагони маркази вилоят- шаҳри Хуҷанд низ буданд.

Айни ҳол маъмурияти беморхона дафтари қайд ва арзу сипоси  беморонро чун далели таърихии корнамоиҳояшон дар он шабу рӯзҳои вазнин нигоҳ доштааст. Яке аз арзи сипоскунандагон сокини ҷамоати деҳоти Ёва, нафақахӯр Муҳаббат Ҳусейнова  аст. Ӯ мегӯяд:

-Амри тақдир будааст, ки ман ҳам гирифтори бемории сироятии коронавирус шудам. Ҳолатам вазнин буд. Аммо, табибони ҳозиқи беморхонаи ҷамоати деҳоти Унҷӣ, хоса Фирдавс Азимов ва Шаҳло Пӯлодова маро шифо бахшиданд. Якумр аз эшон миннатдорам, ки ҷони худро ба хатар гузошта, ҷони маро аз чанголи марг вораҳониданд.

Ин гуна арзи сипосу миннатдории шифоёфтагон дар дафтари қайди беморхона зиёд аст. Сатрҳои миннатдории корманди масъули МИҲД вилояти Суғд- Мунира Шарифова, сокинони ҷамоати деҳоти  Унҷӣ- Аҳмадҷон Шодиев,  ҷамоати ба номи Ҳ.Усмонов -Замира Шодихӯҷаева, шаҳраки Ғафуров -Абдуҳамид Саидов ва дигаронро маъмурияти беморхона чун гавҳараки чашм нигоҳ медоранд.

Дар интиҳо месазад, ки номи як зумра табибону ҳамширагони шафқат ва кормандони техникии ин муассисаро оварда бошем, ки онҳо нотарсона дар он шабу рӯз садоқати бепоёни худро ба касби интихобкардаашон нишон доданд. Инҳо-табибон Озода Валиева, Абдуҳамид Шодиев, Собирҷон Ҷамолиддинов, ҳамширагони шафқат Хонбибӣ Ҷӯраева, Манзура Абдуллоева, Моҳрӯ Каримова, Маърифат Ҳошимова, озмоишгарон Муслима Латифова, Битухта Абдунабиева ва дигаронанд, ки корнамоиҳои эшон дар солномаи ҳифзи саломатии мардум бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.

М.Мақсудов

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 703
  • 1,103
  • 947,441