Бо мақсади муҳокима намудани натиҷаи арзёбии сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва навзодон дар таваллудхонаҳо ва шуъбаҳои таваллудии шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ки моҳи апрели соли равон бо ҷалби мушовири байналмилалӣ (аз Ҷумҳурии Қазоқистон) Бектурган Карин ва мутахассисони маҳаллӣ баргузор гардида буд, имрӯз, 7-уми августи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар доир гашт, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, шарикон оид ба рушд, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат, сартабибони таваллудхонаҳо ва мудирони шуъбаҳои таваллудии як қатор беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.
Ҷамолиддин Абдуллозода чорабиниро ифтитоҳ намуда, барои расонидани кумаки техникӣ дар баргузории мизи мудаввари мазкур ба роҳбарияти Намояндагии Хазинаи кўдакони Созмони Милалӣ Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён кард. Зикр гардид, ки ЮНИСЕФ аз солҳои аввали соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат оид ба масъалаҳои солимии модарон ва кўдакон ҳамкориҳои зичро ба роҳ мондааст.
Баъдан, тибқи рӯзномаи мизи мудаввар як қатор мутахассисон оид ба натиҷаи арзёбии сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва навзодон дар таваллудхонаҳо ва шуъбаҳои таваллудии шаҳру ноҳияҳои мамлакат маълумот пешниҳод намуданд.