Апрел 05
16:03
2022
Дар меҳмонхонаи Ҳайат Реҷенсии шаҳри Душанбе муаррифии барномаи тақсимоти афзораки “Беббо” барои волидайн баргузор гардид.
Барномаи мазкур аз ҷониби Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, он барои волидон баҳри тарбияи кӯдакон равона карда шудааст.
Дар чорабинӣ бо сухани ифтитоҳи муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави баромад намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор мутахассисон вобаста ба мусоидат ба рушди бармаҳали кӯдакон дар Тоҷикистон ва рунамои афзораки “Беббо” маърӯза пешниҳод карданд.