Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор” ба давраи зимистонгузаронӣ омодааст

Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор” ба давраи зимистонгузаронӣ омодааст
Ноябр 20
11:58 2023

Дар сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардани шароити мусоиди зисту зиндагонӣ барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ яке аз самтҳои муҳим ба шумор рафта, дар ин ҷода дар кишвар пайваста корҳои муҳиму назаррас ба анҷом расонида  мешаванд.

Дар ин росто, қайд кардан ба маврид аст, ки  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти  соли 2023, №125 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2023, №213 «Дар бораи сари вақт омода намудани муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» ба тавсиб расида,  ситоди фаврӣ ташкил карда шудааст, ҳамзамон Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати тайёрӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 таҳия ва тасдиқ гардидааст.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат барои муътадил гузаронидани фасли зимистон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

Муассисаи  давлатии “Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор” барои зимистонгузаронӣ пурра омода буда, дар он як қатор маводҳои ғизоӣ, аз қабили картошка, пиёз, равған, орд, биринҷ, шакар ва дигар намуди маводҳои хӯрока, инчунин, сӯзишворӣ, аз қабили ҳезум ва ангишт ба таври кифоя захира гардидааст.

Тавре Муҳибуллои Ҷалолиддин, директори Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор” иброз дошт, роҳбарият ва кормандони муассисаи номбурда дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти хешро барои беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба бошандагони хона-интернати болозикр равона сохтаанд.

Ба гуфтаи номбурда, имрӯзҳо дар муассисаи мазкур барои бошандагони он тамоми шароити мусоид фароҳам буда, онҳо бо се вақт хӯроки гарм таъмин мебошанд.

Ҳамзамон, дар назди муассиса гармхонаи лимон низ мавҷуд аст, ки аллакай дарахтони он бор овардаанд ва барои истеъмол ба бошандагони ин хона-интернат пешниҳод мешаванд.

Қобили зикр аст, ки  дар Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор”  айни ҳол 240 бошанда қарор дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Декабр 2023
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« நவ்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 374
  • 868
  • 734,493