Мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Рӯдакӣ вобаста ба пешгирии амалҳои номатлуб

Апрел 08
16:10 2024

Имрӯз, 8-уми апрели соли равон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода бо роҳбарият ва кормандони Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ вобаста ба пешгирии амалҳои номатлуби ҷомеа, аз қабили  хурофотпарастӣ, рӯ овардан ба фарҳанги бегона ва тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ мулоқот намуд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода зимни  суханронии хеш иброз намуд, ки воқеан ҳам  миллати мо аз қадимулайём соҳиби тамаддун ва фарҳанги бою ғанӣ ба ҳисоб рафта, дар арсаи олам назир надорад.

Вале мутаассифона, имрӯзҳо дар ҷомеаи мо нафарони зиёде ба мушоҳида мерасанд, ки рӯ ба хурофот ва бегонапарастӣ оварда, ба фарҳангу тамаддуни пурғановати гузаштаи хеш иснод меоранд.

Бинобар ин, дар мубориза бар муқобили ин амалҳои номатлуб зарур аст, ки тамоми ҷомеа дастҷамъ бошанд. Дар баробари мақомотҳои дахлдор, ки бевосита дар ин самт кору фаъолият мебаранд, тамоми қишри ҷомеаро зарур аст, ки дар решакан кардани хурофотпарастӣ ва рӯ овардан ба фарҳанги бегона камари ҳиммат банданд.

Дар ин замина, қайд гардид, ки ҷавонон ва сафарбар намудани қувваи бузурги онҳо ба корҳои ҷамъиятӣ ва созандагию бунёдкорӣ яке аз самтҳое ба ҳисоб меравад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдому пешниҳодоти ин табақаи фаъолу созандаро пайваста дастгирӣ намуда, ба онҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 105
  • 1,219
  • 898,521