МУЛОҚОТИ ҶАМОЛИДДИН АБДУЛЛОЗОДА БО РОДОРА КОНСЕПСИОН

МУЛОҚОТИ ҶАМОЛИДДИН АБДУЛЛОЗОДА БО РОДОРА КОНСЕПСИОН
Октябр 26
16:47 2023

26 октябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Родора Консепсион, сардори бахши татбиқи Лоиҳаҳои Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.

Нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмононро ба вазорат хайрамақдам намуда, шахсан ба Бонки Осиёии Рушд барои дастгириҳои пайвастаи соҳа изҳори сипос намуд.

Тавре зикр гардид, Бонки Осиёии Рушд яке аз шарикони фаъоли Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, баҳри беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар мамлакат аз ҷониби бонки мазкур пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Родора Консепсион, сардори бахши татбиқи Лоиҳаҳои Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ омодагии бонки мазкурро баҳри боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ иброз намуд.

Дар охири мулоқот Родора Консепсион барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуд.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 380
  • 1,099
  • 923,592