Мулоқоти Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умур Аҷар

Мулоқоти Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умур Аҷар
Май 03
16:14 2023

Имрӯз, 3 майи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умур Аҷар мулоқот намуд.

Нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода ҷаноби Умур Аҷарро ба муносибати Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон таъйин гардиданаш табрику шодбош намуда, ба фаъолияти кории ӯ барору муваффақият таманно намуд.

Қайд гардид, ки пандемияи COVID-19 таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба технологияҳои рақамӣ ва истифодаи онҳо дар соҳаи тандурустӣ зиёд намуд. Бояд қайд  кард, ки имкониятҳои Чумҳурии Туркия дар пайваст ба ҷанбаҳои муосири рақамикунонӣ ва ҳалли иттилоотӣ дар соҳаи тандурустӣ ниҳоят пешрафта мебошад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Харитаи роҳро оид ба амалисозии банди алоқаманди Стратегияи миллии ҳифзи саломатӣ то соли 2030 тасдиқ намуд ва омухтани таҷрибаи Туркия дар ин самт ба манфиати кор аст.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши самтҳои дигари соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла бахши дорусозӣ мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн иброз доштанд.

Мулоқот дар фазои дустӣ ва ҳусни тафоҳум доир гашт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 936
  • 1,263
  • 842,685