Мулоқоти Раиси вилоят бо табибони беморхонаи марказии шаҳри Исфара

Мулоқоти Раиси вилоят бо табибони беморхонаи марказии шаҳри Исфара
Май 12
13:47 2020

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Исфара бо табибон ва ҳамшираҳои шавқати беморхонаи марказии шаҳри Исфара мулоқот намуд.

Раиси вилоят баён дошт, ки аз фаъолияти имрӯзаи табибон сиҳатии мардум вобастагии калон дорад. Қаҳрамониҳои кормандони тиб, ки ба савганди худ содиқ монда имрӯз бо муолиҷаи беморон машғул ҳастанд, ворисони арзандаи Сино номид ва изҳор дошт, ки ҳар яки онҳо аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат дастгирӣ ва қардрдонӣ карда хоҳанд шуд.

Дар мулоқот ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар шӯъбаи касалиҳои сироятии беморхона 34 нафар бо нишонаҳои бемории коронавирус ва илтиҳоби шуш бистра карда шуда, имрӯз 14 нафари онҳо баъд аз табобат ва беҳтар шудани вазъи саломатӣ аз беморхона ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд. Раиси вилоят тавсия дод, ки дар ҷамоатҳо корҳои ташвиқоти тарғиботиро пурзӯр намуда, нуқтаҳои пайдошавии бемориро сари вақт пешгирӣ намоянд. Барои дастгирии табибон аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зиёда аз 200 адад корҷомаҳои махсус, ниқоб ва маҳлулҳои антисептикӣ ҳамчунин барои дастгирии табибон маводи хӯрокворӣ орд, равған, биринҷ дастрас карда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 88
  • 1,058
  • 888,500