“Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”

“Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”
Октябр 03
11:07 2023

Имрӯз, 3 октябри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вобаста ба баррасӣ ва такмил додани лоиҳаи  “Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Шодихон Ҷамшед, намояндагони як қатор вазорату идора ва кумитаҳо, шарикон оид ба рушд, роҳбарони муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва доираи васеи кормандони соҳа иштирок намуданд.

Тавре зикр гардид, Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 дар асоси банди 13 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2022, №2 “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022” мутобиқ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ” аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри  соли 2022, №577 “Дар бораи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давраи то соли 2040” тасдиқ шуда аст.

Гуфта шуд, ки таҳия ва қабул гардидани ҳуҷҷати стратегии мазкур дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҷассумгари фаъолияти созандаву инсондӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.

Ин стратегия бо дарназардошти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, таҷрибаи аз амалисозии барномаҳои қаблӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ андухташуда, таҳлили умумии вазъи кунунии соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқ ба муносибати нави ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои амалишавии Ҳадафҳои Рушди Устувор таҳия гардида, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар 15 соли оянда муайян менамояд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла таъмини кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, тавре ки дар адабиёти илмӣ қайд гардидааст, низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мафҳуми васеаш ҳамчун маҷмуи чорабиниҳои иҷтимоию иқтисодии давлатӣ фаҳмида мешавад, ки ба бунёд намудани шароити арзандаи зиндагӣ, дастгирии таъминоти ҳаётӣ ва таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандон дар тамоми марҳилаҳои зиндагӣ, аз ҷумла дастгирии иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа равона карда шудаанд.

Амалишавии ҳадафҳо ва вазифаҳое, ки дар назди низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Тоҷикистон дар маҷмуъ вогузор шудаанд, асосан тавассути таҳия ва амалисозии тадбирҳо ва барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва танзими муносибатҳои меҳнатӣ, расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, хизматрасониҳои гуногуни ҷанбаи иҷтимоидошта, таъмини кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ, татбиқи суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа ва ғайраҳо иборат мебошад.

Амалисозии ҳадаф ва вазифаҳои дар Cтратегия дарҷгардида, имрӯз на танҳо ба ваколатҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мансуб мебошанд, балки иҷрои саривақтӣ ва бо самари онҳо ба дигар вазорату идораҳои давлатӣ, аз ҷумла Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати маориф ва илм, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату кумитаҳо, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ мансуб буда, ба ҳамкории байниидоравӣ зич алоқаманд мебошад.

Тибқи банди 2 қарори номбурда ба Вазорати тандурустӣ  ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шудааст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи Нақшаи амалро барои амалисозии стратегияи мазкур таҳия карда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Аз ин рӯ, аз ҷониби вазорат лоиҳаи варианти нахустини Нақшаи амали стратегия дар марҳилаи якуми амалишавии стртаегия барои солҳои 2024-2026 таҳия гардида, дар рафти мизи мудаввар ба маърази иштирокчиён барои баррасӣ ва такмилдиҳӣ пешниҳод карда шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 47
  • 1,040
  • 947,825