Нақши табибон дар эҳёи ҷомеаи солим!

Нақши табибон дар эҳёи ҷомеаи солим!
Май 19
07:48 2020

(Акс аз чорабинии солимгардонии  Корвони саломатӣ)

Коронавирус кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифта, мардумро ба ташвиш овардааст. Масъулини соҳаи тиб барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ин вабо корҳои фаҳмондадиҳиро миёни ҷомеа гузаронида истодааст. То имрӯз ваксинае барои пешгирии ин беморӣ пайдо нашудааст. Аммо табибони мо, ки дар ин рӯзҳои ҳассос дар канори мардум қаҳрамонона адои хизмат карда истодаанд, як қатор чораҳои пешгирикунандаро пешниҳоди аҳолӣ кардаанд. Ба мисли риояи гигиенаи шахсӣ, истифодаи ниқоб, безарурат набаромадан аз хона, гаштугузор накардан дар ҷойҳои серодам. Риояи ин тадбирҳо тибқи таҳлилҳои илми тиб метавонад моро аз ин вирус дар амон монад.

Имрӯз қаҳрамонтабибони мо ҳама талошро мекунанд, то ин ки ҷомеаи солимро эҳё намоянд. Дар ҳақиқат хизмати табибон ба мардум дар ин рӯзҳои душвор шоистаи таҳсин ва ёдоварист, ки онҳо ҷонашонро дар хатар гузошта, ба касбашон лоиқ монда иҷро мекунанд. Пайравони Абуалӣ ибни Сино имрӯз кореро анҷом дода истодаанд, ки то охири умрашон аз ёди мардум нахоҳад рафт. Ин қаҳрамониҳо ва хизматҳои шоёни табибони мо дар саҳифаҳои таърих ба ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.

Коронавирус табиби ҳақиқиро рӯи об хоҳад овард ва ҳар он нафаре, ки ба касбаш лоиқ ва дорои заковати баланди тиббӣ аст ӯро маъруф миёни  мардум хоҳад кард. Зеро на ҳар табиб иродаи қавӣ дорад, ки дар канори бемор бо вуҷуди таҳдиди хатарҳо истодагарӣ кунад. Дар ин гуна шароит он нафаре, тобу тавоноии истоданро дорад, ки илми тибро хуб омӯхтаасту мақсадаш адои хизмати шоиста аст.

Эҳёи ҷомеаи солим ва ғолиб баромадан бар зидди коронавирусу шифо ёфтани сироятёфтагон яке аз дастовардҳо ва пешравиҳои худи табибон мебошад. Зеро ҳангоми табобат ёфтани ҳар бемор, табиб бояд худро хушбахт ҳис карда, мутмаин гардад, ки илми андухтаашро дар амал татбиқ намуда муввафақ ҳам шудааст. Дар ин маврид миёни мардум соҳибэҳтиром ва соҳиби ҷойгоҳи махсус ва обрӯву эътибори хосса хоҳад гардид. Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистонро коронавирус фаро гирифтааст. Ҳар як табиб бояд талош бар он кунад, ки нақши худашро дар эҳёи ҷомеаи солим гузорад. Зеро ҳаёт ва зиндагии ҳар як сироятёфтагон аз табибон вобастагии амиқ дорад. Нақши қаҳрамонтабибон дар ин рӯзҳои ҳассос муҳим буда, заҳмати зиёдро баҳри адои хизмати шоиста талаб менамояд.

Мегӯянд дӯст ва душманро дар айёми беморӣ ва гирифторӣ метавон ҷудо кард. Дар ин айём чеҳраҳои воқеии ҳамаи шахсони гирду атрофро метавон шинохт. Ин хусусияти шинохт албатта ба инсонҳо тааллуқ дорад. Вале имрӯз онро метавон ба мамлакатҳо низ мансуб донист. Чун имрӯз ҷаҳон бемору гирифтор гаштааст. Тоҷикистони азизи мо низ. Акнун дӯстон бо кӯмаку тасаллӣ рафоқати худро исбот карда истодаанд. Вале мутаассифона душманон на аз бегонагон, балки аз худиҳо рӯнамоӣ мешавад. Онҳое, ки бо ном фарзанди Тоҷикистон ҳастанд. Онҳо шири модари тоҷикро хӯрдаанд. Дар муҳити тоҷикӣ ба воя расидаанд, вале мафкураи миллӣ ва давлатмеҳвар надоранд. Ба оташи бегонагон равған мерезанд. Ҳанӯз ки бемории коронавирус дар рӯйи ҷаҳон давр мезад баъзе гурӯҳҳои иғвогар бо паҳн кардани овозаҳои бардурӯғ авзои мардумро ноором месохтанд, бо ҳар далел гуфтаҳои худро исбот карданӣ мешуданд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ он вазъи буҳрониро идора кард ва аз он бо ифтихор баромад. Акнун ин гурӯҳҳо дар ҳавову ҳаваси муғризонаи худ боз даст ба гиребонанд. Вале миллат ин мушкилотро дар муттаҳидӣ ва ягонагӣ паси сар карда ба пеш меравад.

Юсуф Ғанизода, хабарнигор

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 971
  • 1,263
  • 842,720