НАБАРДИ ОШКОРО. ТАБИБОНИ МО ҚАҲРАМОНАНД

НАБАРДИ ОШКОРО. ТАБИБОНИ МО ҚАҲРАМОНАНД
Июн 15
13:33 2020

Тавре ҳамагон медонем, аз рӯзҳои нахустин пайдоиши коронавирус дар манотиқи гуногуни ҷаҳон табибон ва тими пизишкии мамлакатҳо фаъолтарин қишри мубориз шинохта шудаанд ва то имрӯз онҳо, бо истифода аз имкониятҳои физикию равонӣ ва ихтисосию беҳдоштӣ дар коҳиш додани вирус ва аз миён бурдани он ҷаҳду талош меварзанд. Маҳз талошҳои шабонарӯзии пизишкони кишварҳои минтақа ва ҷаҳон буд, ки сатҳи нуфузи коронавирус дар мамлакатҳо коҳиш ёфт ва баъзе давлатҳо ба реҷа ва тартиби муқаррарии корӣ ва идорӣ гузашта истодаанд.
Аз ҷумла, пизишкони тоҷик ҳам ҷиҳати ҳифзи сиҳатии омма, омода намудани мардум барои пешгирӣ аз вирус, манзури роҳҳои муваффақи мубориза аз тамоми имконоти мавҷуда истифода мебаранд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, бахусус шаҳри Душанбе табибон барои муолиҷаи беморон қаҳрамонона мубориза мебаранд. Таъсис додани маконҳои махсуси табобатӣ, ҷудо кардани маблағҳои буҷетӣ ҷиҳати пешгирӣ ва муолиҷаи мардум аз коронавирус шиносоӣ ва сари вақт ба табобат фаро гирифтани гирифторшудагон назорати шабонарӯзии вазъи сироятёбӣ аз масъалаҳои дигари муҳим мебошанд, ки дар меҳвари фаъолияти масъулон қарор дорад.
Дар маҳалҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ гурӯҳ ва ситодҳои махсус ташкил шуда, авзои минтақаро таҳти назар қарор гирифтаанд. Мардуми деҳот дар ҳолати хуби равонӣ ва беҳдоштӣ қарор дошта, бо рӯҳияи баланди масъулиятшиносӣ ва ватанпарастӣ ба кори рӯзмарраи киштукори баҳорӣ машғуланд. Аз ҳама муҳим, воҳимаю ҳангомаҳо дар заминаи вируси короноӣ дар деҳоти ҷумҳурӣ хеле кам ба назар мерасад.
Мо ба масъулият, шарофат, адолат, фазилат ва инсонияти табибони ватанӣ эътимод дорем. Ба пеш, табибони ватанпараст ва ҳувиятшиноси тоҷик!

Нозим НУРОВ, устоди ДДФСТ ба номи М. Турсунзода

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 235
  • 1,263
  • 841,984