Намояндагони вазоратҳои тандурустии кишварҳои узви ЭКО доир ба пешгирии бемории COVID-19 мубодилаи афкор намуданд

Намояндагони вазоратҳои тандурустии кишварҳои узви ЭКО доир ба пешгирии бемории  COVID-19 мубодилаи афкор намуданд
Июн 03
10:27 2021

Дар асоси даъватномаи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дар доираи чорумин нишасти вазирони тандурустии кишварҳои узви ЭКО, ки санаи 2 июни соли равон дар шакли маҷозӣ доир гардид, бинобар дар сафари корӣ қарор доштани вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ғафур Муҳсинзода дар он иштирок ва суханронӣ намуд.

Ҳамзамон, дар нишасти мазкур намояндагони вазоратҳои тандурустии кишварҳои Озарбойҷон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркия ва Туркменистон низ иштирок намуданд.

Дар нишасти мазкур иштирокчиён доир таҷрибаи андухтаи кишварҳои хеш дар самти ташхис ва табобати бемории COVID-19 мубодилаи афкор намуданд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода  дар баромади хеш доир ба дастовард ва таҷрибаи табибони Тоҷикистон дар самти пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки маҳз бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати мамлакат Тоҷикистон тавонист бар муқобили ин беморӣ пирӯз ояд. “Натиҷаи кӯшиш ва талошҳои хастанопазири табибони мамлакат мебошад, ки шурӯъ аз 10 январ бо имрӯз дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи  нави бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст”,-зикр намуд номбурда.

Иштирокчиёни нишаст ҷиҳати боз ҳам густариш  бахшидани ҳамкориҳо ҳавасмандии хешро иброз намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 1,401
  • 1,495
  • 962,902