Насим Олимзода ва Раҷаббой Аҳмадзода зеристгоҳи ёрии таъҷилии шаҳри Хуҷандро баъди таъмиру азнавсозӣ мавриди истифода қарор доданд

Насим Олимзода ва Раҷаббой Аҳмадзода зеристгоҳи ёрии таъҷилии шаҳри Хуҷандро баъди таъмиру азнавсозӣ мавриди истифода қарор доданд
Август 01
10:53 2019

Рӯзи 31 июли соли равон бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода   ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зеристгоҳи ёрии таъҷилии шаҳри Хуҷанд баъди таъмиру азнавсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода зимни ба истифода додани зеристгоҳи мазкур иброз дошт, ки азнавсозӣ гардидани зеристгоҳи ёрии таъҷилии шаҳри Хуҷанд имконот ва шароити арзандаро барои табибони ин муассисаи тандурустӣ фароҳам хоҳад овард. Ҳукумати кишвар ҳамеша кӯшиш менамояд, ки иқтидорҳои пойгоҳи соҳаи тандурустиро тақвият бахшад ва табибони варзида тамоми амалиёту табобатҳоро дар дохили кишвар ба роҳ монад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо кормандони соҳаи тандурустӣ ва фаъолони шаҳр таъкид дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят ба ҳифзи саломатии аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Зикр гардид, ки дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи сипаришуда дар вилоят азнавсозӣ ва таъмиру тармими 13 беморхона, 4 бунгоҳи саломатӣ, 12 маркази саломатӣ, 9 таваллудхона, 31 нуқтаи хатнаи кўдакон ва 23 дорухона ба итмом расонида шуд.

Дар чаҳорчуби корҳои бунёдкорӣ зеристгоҳи ёрии таъҷилии шаҳри Хуҷанд низ бо харҷи беш аз 1 миллиону 30 ҳазор сомонӣ азнавсозӣ гардид. Ин имкон фароҳам меорад, ки барои беш аз 120 ҳазор аҳолии соҳили рости шаҳри Хуҷанд хизматрасонии аввалияи тиббӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки зеристгоҳи ёрии таъҷилии шаҳри Хуҷанд ҳанӯз соли 1952 дар назди беморхонаи шаҳрӣ таъсис ёфта, аз соли 1985 чун сохтори алоҳида фаъолият менамояд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 11
  • 1,411
  • 1,495
  • 962,912