Натиҷагирӣ аз “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2011-2020”

Натиҷагирӣ  аз “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2011-2020”
Ноябр 10
14:38 2020

Бо мақсади натиҷагирӣ аз рафти татбиқи “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2011-2020” имрӯз, 10 ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсозии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор  гардид, ки дар кори  он Навруз Ҷаъфаров,  сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқуллода ва ёрии фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парвина Мухторова директори Муассисаи давлатии  “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”, директорони марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим ва  намояндагони як қатор вазорату идораҳо иштирок доштанд.

Парвина Мухторова, директори муассисаи мазкур зимни суханронии хеш иброз намуд, ки мақсади татбиқи  “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2011-2020” ташаккули муносибати нави шаҳрвандон тавассути принсипҳои тарзи ҳаёти солим, аз он ҷумла баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии сокинони кишвар, тағири рафтор нисбат ба саломатии хеш, дарки моҳияти тарзи ҳаёти солим, татбиқи барномаҳои самараноки минтақавӣ оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим, такмили системаи тайёркунӣ, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани ихтисоси мутахассисони соҳаҳои гуногун оид ба масъалаҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, такмили сохтор ва таъсиси заминаи моддию техникии марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани самаранокии кори онҳо мебошад.

Тавре зикр гардид, ҷиҳати амалисозии барномаи мазкур ва ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои мамлакат дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва гурӯҳи мониторингӣ таъсис дода шудааст, ки дар ҳайати он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор шомил мебошанд. Ҷаласаҳои шӯрои мазкур мувофиқи Низомномаи худ аз соли 2011 то соли 2020 17 маротиба, шӯроҳои вилоятӣ 71 маротиба, дар шаҳру ноҳияҳо 692 маротиба ҷаласа гузаронида шуда,  натиҷаи гузаронидани мониторинг оид ба татбиқи барномаи мазкур ва масъалаҳои марбут ба соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Қайд гардид, ки раванди амалӣ сохтани “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2011-2020” аз тарафи вазорату идораҳои дахлдор соле ду маротиба таҳлилу баррасӣ гардида, натиҷаи он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмӯъ тайи 10 соли охир оид ба пешгирии бемориҳо 11 557 барномаҳои телевизионӣ, 8 798  барномаҳои радиоӣ таҳия ва пахш карда шуда, инчунин дар рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳру ноҳиявӣ 16 782 мақолаҳои тиббӣ ба нашр расиданд.

Парвина Мухторова, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” дар идомаи суханронии хеш вобаста ба самтҳои дигари барнома, корҳои анҷомдодашуда низ ба ҳозирин маълумот дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 741
  • 1,151
  • 886,117