Имрӯз дар Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ҷаласаи васеъ доир ба ҷамъбастаи фаъолияти хадамоти мазкур дар 9 моҳи соли 2020 доир гардид.
Қайд гардид, ки имрӯз дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии маъюбон яке аз самтҳои афзалиятнокро ишғол намуда, Ҷаноби Олӣ ҳамеша нисбати ин қишри ҷомеа ғамхории махсус зоҳир менамоянд.
Тавре ки Сарвари давлат дар яке аз баромадҳои хеш иброз намудаанд: «Мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем».
Дар ҳамин замина, қайд кардан ба маврид аст, ки дар айни замон дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баҳри таъмин намудани ҳуқуқ ва кафолатҳои иҷтимоии давлатии маъюбон чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар ҷаласа оид ба фаъолияти 9-моҳаи Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ дар соли 2020 маърӯза шунида шуда, вобаста ба бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва боз ҳам беҳтар намудани фаъолият ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.