Натиҷагирӣ аз фаъолияти Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ

Натиҷагирӣ аз фаъолияти Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ
Декабр 25
07:43 2020

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ҷиҳати натиҷагирӣ аз фаъолияти Хадамоти давлатии ташхиисии тиббю иҷтимоӣ ҷаласаи ҷамъбастӣ доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии вазорат Қудратулло Қурбонов, роҳбарият ва кормандони хадамоти мазкур иштирок намуданд.

Нахуст муовини сардори Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ Ҷобир  Ғозиев доир ба фаъолияти хадамоти мазкур дар соли 2020 баромад намуд.

Қайд гардид, ки дар Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ 241 воҳиди корӣ мавҷуд буда, 130 нафари онҳоро хизматчиёни давлатӣ ва 111 нафарро кормандони шартномавӣ ташкил медиҳанд.

Инчунин, Хадамот аз як раёсат, 13 шӯъба ва 18 бахш иборат буда, зерсохторҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷойгир мебошанд.

Тавре зикр гардид, соли 2020 ба Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва сохторҳои он дар маҷмӯъ 42003 нафар (калонсолон 30658 нафар ва  кӯдакон 11345 нафар) шаҳрвандон муроҷиат намуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019 1352 нафар кам  мебошад.

Ҳамзамон, ба Хадамот бори нахуст дар маҷмӯъ барои муқаррар намудани маъюбӣ 13163 нафар (калонсолон 8688 ва кӯдакон 4475 нафар) муроҷиат карда, аз ин шумора ба 12411 нафар маъюбӣ муқаррар карда шудааст.

Номбурда ҳамзамон доир ба самтҳои дигари фаъолияти Хадамот, мушкилот ва дурнамои соҳа баромад намуд.

Ҷиҳати бартараф намудани мушкилот камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 89
  • 1,058
  • 888,501