Аз фаъолияти семоҳаи вазорат натиҷагирӣ карда шуд

Аз фаъолияти семоҳаи вазорат натиҷагирӣ карда шуд
Апрел 28
17:12 2021

Имрӯз, 28 апрели соли 2021 дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат дар семоҳаи аввали соли 2021 баргузор гардид, ки дар он Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода,  ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ  ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба фаъолияти вазорат дар семоҳаи аввали соли 2021 баромад намуд.

Тавре номбурда иброз дошт, барои баҳогузории нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ 26 январи соли 2021 зимни паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дастовардҳои дигар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар нисбат ба солҳои пешин тамоюли беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, вазъи демографӣ ва тандурустии аҳолиро ҳамчун дастовардҳои назаррас қайд намудани Роҳбари давлат боиси фараҳмандию хурсандии кормандони соҳаи тандурустии мамлакат гардид. Махсусан, аз ҷониби Сарвари мамлакат баланд арзёбӣ намудани касбияти табибони ватанӣ дар давраи пандемияи бемории коронавируси нави COVID-19 таъкид карда шуд, ки боиси ифтихори кормандони соҳаи кишвар мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар семоҳаи якуми соли 2021 бо мақсади таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ бо дастгирӣ ва супоришҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи ҳуҷҷати аввалиндараҷаи соҳавӣ, ки он мақсадҳои дарозмӯҳлати рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳуриро дар соҳаҳои нигаҳдории тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муқаррар менамояд, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва ду зерсанади алоқаманд ба Кодекси тандурустӣ лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Рӯйхати нишондодҳои иҷтимоӣ барои қатъи сунъии ҳомиладорӣ” ва «Дар бораи Тартиби бо роҳхати табобати истироҳатгоҳӣ ва курортӣ таъмин намудани кӯдакон» таҳия гардида, баъд аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор барои баррасии минбаъда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Инчунин, дар ин давра лоиҳаи як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, дар сатҳи мувофиқа бо дигар вазорату идораҳо қарор доранд, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ», лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалишавии Консепсияи рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Дар бораи Барномаи маҷмӯии давлатии тайёрии кадрҳо ва тақвият бахшидани низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва «Дар бораи Низомномаи Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ» дар таҳрири нав мебошанд.

Зикр гардид, ки дар ин давра низ беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ тавассути вориднамоии принсипи тибби оилавӣ идома ёфта, дар муассисаҳои таълимию клиникии тибби оилавӣ 163 нафар кормандони тиб давраи бозомӯзиро аз рӯи ихтисоси тибби оилавӣ ва 277 нафар мутахассисони тибби оилавӣ давраҳои такмили ихтисосро аз рӯи барномаҳои гуногун хатм намуданд.

Дар маҷмӯъ, айни ҳол шумораи табибони оилавии омӯзонидашуда дар муассисаҳои таълимию клиникии тибби оилавии ҷумҳурӣ 4453 нафар ва кормандони миёнаи тибби оилавӣ 8343 нафарро ташкил медиҳанд.

Ҷиҳати мукаммалсозии заминаи меъёрии ҳуқуқии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ лоиҳаи Низомномаи намунавии Бунгоҳи саломатӣ ва Низомномаи намунавии Маркази саломатии деҳотӣ таҳия гардида, дар сатҳи мувофиқа қарор доранд.

Бояд гуфт, ки ҳифзи солимии модарону кӯдакон таҳти таваҷҷӯҳи хосаи Ҳукумати кишвар қарор дошта, дар давраи ҳисоботӣ дар доираи иҷрои фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2020, №760 “Дар бораи тасдиқи Нақшаи қабули зерсанадҳои соҳаи тандурустӣ” барои таҳияи зерсанадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи хизматрасонӣ ба модару кӯдак  корҳо идома дода шуда, фармоишҳо “Дар бораи тасдиқ намудани «Рӯйхати нишондодҳо ва зиддинишондодҳои тиббию иҷтимоӣ барои ҷойгир намудани кӯдакон дар муассисаҳои махсуси томактабии кӯдакона, мактаб – интернатҳо, хонаи бачагон ва хона-интернатҳо”, “Тартиби гузаронидани машварати тиббию генетикии занон дар давраи ҳомиладорӣ” ва “Тартиби гузаронидани машварати ҳатмии тиббию иҷтимоӣ оид ба ҷарроҳии пешгирии ҳамл” тасдиқ гардиданд.

Ҳамзамон, қайд кардан ба маврид аст, ки дар моҳи марти соли 2021 зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои Коллеҷи тиббӣ – инноватсионии шаҳри Бохтарро ифтитоҳ намуданд, ки барои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯи 6 ихтисоси миёнаи тиббӣ дар бахши тандурустӣ пешбинӣ гардидаст. Инчунин, 25 марти соли 2021 Сарвари давлат дар деҳаи Наврӯзи деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои наву муосири Маркази ташхисию табобатии “Исмоил”, 26 марти соли 2021 дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи  Кӯшониён бинои нави Маркази тандурустии “Ваҳдат” ва дар ноҳияи Ёвон шуъбаҳои қабул, қалб ва шикастабандии Беморхонаи марказии ноҳияро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.

Дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то имрӯз 806 ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон ташкил гардида, дар 3 моҳи соли 2021 ба 22 641 нафар кӯдакон амалиёти хатна ба таври ройгон гузаронида шудааст.

Дар доираи таҳкими иқтидори кадрӣ ва рушди нерӯи инсонӣ ҷиҳати сарфароз гардонидани кормандони соҳа бо мукофотҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахшида ба муносибати Рӯзи кормандони ҳифзи иҷтимоӣ ба 27 нафари онҳо аълочии ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин, ба 41 нафар «Ифтихорнома» ва ба 20 нафари онҳо «Сипоснома»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дода шуд. Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки дар 3 моҳи соли равон бо мақсади иҷроиши банди 59 «Тартиби гузаронидани аттестатсияи кадрҳои тиббӣ ва фармасевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аттестатсияи навбатии кормандони соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Бохтар ва минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон гузаронида шуд, ки дар вилояти Хатлон 230 нафар табибон ба аттестатсия фаро гирифта шуданд.

Таъкид гардид, ки новобаста аз муътадил будани вазъи бемории коронавируси нави COVID-19 дар кишвар, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолӣ, риоя намудани талаботҳои санитарию эпидемиологӣ ва гигиенӣ (пӯшидани ниқоб, шӯстан ва безарарнамоии дастон бо маҳлули антисептикӣ, санҷидани ҳарорати бадан) дар ин давра аз ҷониби мутахассисон гурӯҳҳои таблиғотӣ дар бозорҳо, марказҳои савдо, муассисаҳои табобатию профилактикии давлатӣ, хусусӣ, муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ба роҳ  монда шуданд. Инчунин, тавассути воситаҳои ахбори умум, хосатан, радио ва телевизион зиёда аз 54  гузориш ва барномаҳои телевизионӣ ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ ва соматикӣ пешниҳоди аҳолӣ карда шуданд.

Дар семоҳаи аввали соли 2021 бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои табобатию пешгирӣ бо таҷҳизотҳои тиббии муосир аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба як қатор муассисаҳои табобатию пешгирии ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 90 миллиону 948 ҳазору 399 сомонӣ таҷҳизот ва  асбобҳои тиббӣ, мебел ва молҳои тиббӣ дастрас карда шудааст.

Дар идомаи баромади хеш вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дастовард ва мушкилоти дигар самтҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат суханронӣ намуд.

Баъдан, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, роҳбарони хадамотҳои соҳавӣ, раёсатҳои зерсохтори вазорат низ доир ба фаъолияти хеш дар семоҳаи аввали соли 2021 баромад карданд.

Дар фарҷоми ҷаласа вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода  ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, махсусан, одоби муоширати табибон бо беморон, роҳ надодан ба истифодаи доруҳои мӯҳлаташон гузашта, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббӣ, таъмиру тармими биноҳо, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, беҳтар намудани кӯмаки ройгони фаврии тиббӣ ва ғайра ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 716
  • 1,103
  • 947,454