Натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Июл 11
11:20 2017

Ҳафтаи сипаригардида ҷамъбасти фаъолияти Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар 6-моҳи соли ҷорӣ ва вазифаҳои он дар нимсолаи дуюм сурат гирифт. Дар кори чорабинӣ   Мирҳамуддин Камолзода муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндгони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, роҳбарият ва кормандони  шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа,менеҷерони сохторҳои госпиталӣ ва  КАТС- и шаҳру ноҳияҳо, сардухтурони марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят,   директорони марказҳои солими репродуктивӣ ва роҳбарони марказҳои вилоятӣ иштирок намуданд.

Маврид ба таъкид аст, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи саломатии аҳолӣ ва тандурустиро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ҳисобиданд. Ҳамин аст, ки давра ба давра дар доираи татбиқи ҳадафҳои созандагию бунёдкорӣ, сохтмону азнавсозии инфраструктураи иҷтимоӣ, бахусус муассисаҳои тиббӣ, ки дар ҳифзи саломатии аҳолӣ нақши бузург доранд, корҳои назаррас амалӣ гардида истодааст. Масъалаи ба талаботи замон мувофиқсозии шароити муассисаҳои тиббӣ, таъмини онҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир ва тарбияи кадрҳои тиббӣ таҳти назорату таваҷҷӯҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳои худ таъкид кардаанд:  “саломатии халқ боигарии беназир ва омили муҳими рушд ва шукуфоии кишвар ба шумор меравад”. Ба ин хотир дар ҷумҳурӣ барномаю консепсияҳои миллӣ қабул ва амалӣ гардида, ҷалби инвеститсияи хориҷӣ ва маблаѓгузории соҳаи тандурустӣ сол  то сол афзуда истодааст.

Зимни таҳлилу баррасии дастовардҳои соҳавӣ қайд гардид, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ  дар шуъбаи ҷарроҳии умуми Беморхонаи клиникии ба номи Б.Воҳидов бо усули лапароскопӣ бурида васлсозии рудаи «Сигмашакл» ҳангоми бемори «Долихосигма»,   найчагузории роҳи талхарав бо усули лапароскоп ҳангоми сангҳои найчаи талхарав  ба роҳ монда шуда, дар ноҳияи Балҷувон шуъбаи ҷарроҳӣ ва шуъбаи таваллудӣ кушода шуд, ки ин як дастоварди бузург дар соҳа маънидод мегардад.

Ҳамзамон қайд гардид, ки бо мақсади таъмини аҳолӣ бо хизматрасонии тиббии тахассусӣ, бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷалби олимону мутахассисони баландпояи ҷумҳурӣ ва мутахассисони Раёсати тандурустии вилоят  дар шаҳру ноҳияҳои вилоят  “Корвони саломатӣ” ва тибқи нақшаю чорабинииҳои мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии вилоят “Корвони маърифат” барпо гардида, дар ҷараёни он теъдоди зиёди эҳтиёҷмандон бо таври ройгон бо муоинаю ташхис, тавассути дастгоҳу таҷҳизотҳои муосири тиббӣ фаро гирифта шуданд.

Ба иттилои дастрас,  баҳри татбиқи сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон, ки ба ҳифзи саломатии аҳолӣ нигаронида шудааст, дар вилоят 1570 муассисаҳо, аз ҷумла 150 муассисаҳои бистарикунонӣ, 1121 муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва 94 муассисаҳои тибби хусусӣ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ расонида истодаанд.  Ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши кормандони соҳа дар 6-моҳи соли 2017 ба Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯъбаи Донишкадаи  таҳсилоти баъдидипломӣ дар шаҳри Қӯрѓонтеппа 528 нафар  шунаванда аз шаҳру ноҳияҳои вилоят  барои таҳсил фаро гирифта  шудаанд, ки  213 нафар табибон ва 315 кормандони миёнаи тибро ташкил медиҳад.  Дар маркази тахсилоти баъдидипломии ДДТТ ба номи Абӯалӣ  ибни Сино бошад давоми 6 моҳи соли равон  31 нафар табибон аз курсхои такмили ихтисос ва ихтисосгирии аввалия аз вилояти Хатлон гузаштаанд.

Дар маҷмӯъ давоми 6-моҳи соли 2017, 213-нафар  табибон ва 315 нафар кормандони миёнаи тиб аз курси такмили ихтисос  ва ихтисосгирии аввалия гузаштаанд. Соли ҷорӣ аз тарафи комиссияи атестатсионии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 372 нафар табибон ва аз ҷониби Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 429 нафар табибон ва кормандони миёнаи тиб аз атестатсия гузаронида шуда, дараҷанокии тахасусии гуногун таъин карда шудаанд.

Инчунин,  дар ҷамъбасти фаъолияти Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар 6-моҳи соли ҷорӣ таъкид карда шуд, ки дар асосӣ қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №600 аз 2 декабри соли 2008 дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ,  дар вилоят 126 муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо  оид ба хизматрасонии тиббию санитарӣ  ба аҳолӣ хизмати тиббӣ расонида истодаанд.

Инчунин гуфта мешавад, дар давраи ҳисоботӣ баҳри  амалишавии  «Барномаи  миллии  тавонбахшии  маъюбон барои  солҳои  2017-2020»  ва  бо  мақсади   таъмини  иҷрои  фармоиши  Вазорати  тандурустӣ     «Оид  ба татбиқ намудани  қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   «Дар бораи Номгӯи  нишондодҳои  тиббие,  ки ба кӯдакони маъюби то 18-сола  ҳуқуқи  гирифтани  нафақаи  иҷтимоӣ  медиҳанд» аз 9537  нафар  кӯдакони  маъюбе,  ки дар  қайди  мутахассисони  муассисаҳои  кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳо  то  1  январи   соли  2017   қарор  доштанд,  дар асоси маълумотномаҳои  менеҷерҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии  шаҳру  ноҳияҳо,    дар   6 моҳи  аввали  соли  2017,  159   нафар  ё  1,6  %  онҳо  солим гардонида  шудаанд.  Дар  ин  давр   339  нафар   кӯдакони  маъюб  ба  синни  18 сола  даромаданд,  ки  аз  39  нафари  онҳо   маъюбӣ  гирифта,  300  нафари  онҳо  ба  Хадамоти  давлатии  ташхиси  тиббии  иҷтимоӣ  барои муайян намудани  гурӯҳи  маъюбӣ  равона  карда  шудаанд.

Баҳри амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи гузаронидани  Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча  ва  гулафшон  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва фармоиши  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   «Оид ба ташкил ва гузаронидани  Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча   ва гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар  сатҳи  вилоят  560   нуқтаҳои  иммунизатсионӣ,  аз  ҷумла  406 нуқтаҳои доимӣ, 145 нуқтаҳои  муваққатӣ  ва  9  нуқтаҳои мобилӣ ташкил карда шудааст.

Дар фарҷоми натиҷагирӣ аз фаъолияти Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар 6-моҳи соли ҷорӣ ва таҳлилу баррасии дастовардҳои соҳавӣ ҳамзамон мушкилот ва паёмадҳои он дар соҳа, мавриди баррасӣ қарор гирифта баҳри рафъи он чораҷуӣ карда шуд.

Ҳамза Чуноне

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 4
  • 964
  • 914,713