Натиҷагирӣ аз фаъолияти сохтор дар нӯҳ моҳи соли 2017 ва вазифаҳо то охири соли 2017

Натиҷагирӣ аз фаъолияти сохтор дар нӯҳ моҳи соли 2017 ва вазифаҳо то охири соли 2017
Октябр 23
09:28 2017

Бо мақсади амалӣ намудани иқдомҳои пайгиронаи Ҳукумати кишвар вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18 октябри соли 2017 ҷаласаи навбатии мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир гардид.

Дар ҷаласа тамоми сардорони раёсату шӯъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хадамотҳои назорати давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявии пешгириву шифоӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, сартабибони беморхонаҳои марказии ноҳиявӣ, менеҷерони шабакаҳои муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, сармутахассисони тахассусии вазорат ва роҳбарони муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок доштанд.

Рӯзномаи ҷаласа як масъала – “Ҷамъбасти фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи соли 2017 ва вазифаҳо то охири соли 2017”-ро дарбар гирифт.

Аз  ҷониби  вазири  тандурустӣ ва  ҳифзи  иҷтимоии аҳолӣ масъалаҳои ҳифзи сиҳатии  модарону кӯдакон  ва паст намудани фавти  онҳо, истифодаи протоколҳои клиникӣ, муоинаи ҳатмии тиббии никоҳшавандагон, муоинаи тиббии даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ, омӯзонидани мутахассисони ҷавон ва ҷобаҷокунии онҳо, паст намудани бемориҳои ирсӣ, пешгирии маъюбӣ ва солимгардонии маъюбон,  назорати   сифати маводҳои доруворӣ,  омодагӣ ба давраи тирамоҳу  зимистон, ташкили гӯшаҳои гиёҳдармонӣ, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ, одобу муоширати мутахассисон бо беморон, қабули шаҳрвандон ва ғайра мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифта, масъулини соҳа ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта вазифадор карда, супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Ҳамзамон вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар нимсолаи якум ва вусъат додани корҳои амалӣ роҳбарияти вазорат ба ҳар як роҳбар ва масъулони соҳавӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат вазифагузорӣ намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 95
  • 1,058
  • 888,507