Натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар соли 2022

Натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар соли 2022
Январ 06
12:43 2023

5 январи соли 2023 дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат ва зерсозхторҳои он дар соли 2022 баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ,  сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Доир ба фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар соли 2022 вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода баромад намуд.

Нахуст қайд гардид, ки соли 2022 барои Тоҷикистони азизи мо соли воқеан ҳам таърихӣ буд,  зеро дар ин давра дар таърихи кишвари азизамон як қатор воқеаҳои муҳимӣ сиёсӣ ва таърихӣ рух доданд, ки  онҳо дар сатҳи баланд таҷлил  карда шуданд. Аз ҷумла, дар соле, ки сипарӣ гардид, мардуми  кишвар аз 30 солагии Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни бузург ва муқаддас бо шукуҳу шаҳомати хоса истиқбол намуда, онро дар сатҳи баланд дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд бо самимияти хоса ҷашн гирифтанд. Бояд тазаккур дод,  ки Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон  оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризояти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.

Дигар дастоварди муҳими кишварамон дар ин давра дар арсаи байналмилалӣ аз ҷониби Маҷмаи Умумии  Созмони Миллали Муттаҳид бо қабули қатъномаи махсус тасдиқ намудани ташаббуси панҷуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об мебошад.  Тибқи ин қатънома, аввалан соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуда, инчунин  аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо таҷлил карда мешавад.

Воқеаи муҳими дигар  дар ҳаёти кишвар, ки 23 декабри соли 2022 иттифоқ афтод, ин Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Муҳтарам Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии худ ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар низ  таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, оид ба беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва тарбияи кадрҳои  тиббӣ як қатор дастуру супоришҳои саривақтӣ доданд.

Дар идома зикр гардид, ки соли 2022 дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат низ як қатор муваффақиятҳои назаррас ба даст омаданд, ки аз таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати мамлакат ба соҳа дарак медиҳанд.

Қайд карда шуд, ки дар соли 2022 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дорӯ, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ», 17 қарорҳои дахлдори ҳукумат ва 5 фармоишҳои хусусияти умумиҳатмидошта доир ба масъалаҳои муҳими соҳа қабул гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давоми соли 2022 аз ҳама сарчашмаҳо 124 муассисаҳои тандурустӣ сохта шуда (101 муассисаҳои КАТС, 16 муассисаҳои госпиталӣ ва 7 муассисаҳои хусусӣ), дар 65 муассисаҳои тандурустӣ (51 муассисаҳои КАТС, 11 муассисаи госпиталӣ ва 3 муассисаи хусусӣ) корҳои сохтмонӣ идома доранд. Инчунин, 404 муассиса (305 муассисаҳои КАТС ва 99 муассисаҳои госпиталӣ) аз таъмири асосӣ бароварда шуда, дар 179 муассисаҳои тандурустӣ корҳои таъмирӣ (145 муассисаҳои КАТС, 28 муассисаҳои госпиталӣ ва 6 муассисаҳои хусусӣ) идома доранд.

Ҳамзамон, соли 2022 бо мақсади таъмини муассисаҳои соҳа бо таҷҳизотҳои муосир ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби вазорат ба як қатор муассисаҳои тиббӣ ба маблағи 187,2 млн  сомонӣ, аз он ҷумла ба муассисаҳои тиббии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маблағи 9,13 млн сомонӣ, ба муассисаҳои тиббии вилояти Хатлон ба маблағи 62,58 млн сомонӣ, ба муассисаҳои тиббии вилояти Суғд ба маблағи 38,96 млн сомонӣ, ба муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба маблағи 21,42 млн сомонӣ, ба муассисаҳои тиббии сатҳи ҷумҳуриявӣ ба маблағи 27,36 млн сомонӣ, ба муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе ба маблағи 27,73 млн сомонӣ дору ва молҳои тиббӣ дастрас карда шуд.

Давоми соли ҷорӣ 115 нақлиёти ёрии таъҷилӣ ба муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ, аз он ҷумла 6 адад ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 50 адад ба вилояти Хатлон, 28 адад ба вилояти Суғд, 12 адад ба шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, 16 адад ба шаҳри Душанбе ва 2 адад ба муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ дастрас гардид.

Дар ин давра аз тарафи мутахассисони соҳаи ҷарроҳии дилу рагҳои мамлакат бори аввал амалиётҳои стентгузаронӣ ҳангоми омоси даврашакл ва экзофитии қисми кардиоэзофагеалии сурхруда, хитинэктомияи эндоскопӣ аз маҷрои умумии талхагузар ба воситаи дуоденоскоп, бурида гирифтани омоси трахея тавассути бронхоскоп, гузоштани баллони силиконӣ дар меъда дар мавриди тағйиротҳои метаболикӣ (ҳангоми бемории фарбеҳӣ), декомпрессия ва рафъи ногузароии рудаи ғафс бо колоноскоп, ҳангоми тобхурии шадиди рудаи сигмашакл гузаронида шуд.

Дар соҳаи ҷарроҳии қафаси сина бошад, бори аввал ҷарроҳии кифосколиозҳои қисмати қафаси синагии сутунмӯҳра, дараҷаи вазнин, усули дискотомияи фонашакли коррексионӣ, бо фиксатсияи транспедикулярии трансторакалӣ, резексияи қисмати тангшудаи трахея бо трахеопластика, дар болои стенди Т-шакл, амалиёти Люис ба беморони гирифтори ногузароиш ва тангшавии сурхрӯда, баъди сӯхтани химиёвии он, амалиёти симултантӣ, торакоскопия, эхинококэктомияи шуши рост ва лапароскопия, эхинококэктомияи ҷигар, стентгузории трахея чун марҳилаи аввали табобати беморони гирифтори носури сурхрӯдаву бронхиалӣ, реканализатсия, бужгузаронӣ ва стентгузории қисмати тангшудаи гранулятсионии трахея, рафъи эндоскопии омоси ковокии бронх, рафъи омоси миёнадевори болоӣ бо резексия ва протезкунонии вариди болоии холӣ гузаронида шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 584 ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон фаъолият доранд ва дар давраи ҳисоботӣ ба 104 246 нафар кӯдакон амалиёти хатна гузаронида  шудааст, ки 36 642 нафари онҳо навзод буда, 35,1%-ро ташкил медиҳад.

Бояд қайд кард, ки дар соли ҳисоботӣ сохтмони бинои 2 – ошёнаи ошхонаи замонавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо 600 ҷойи нишаст барои донишҷӯён ва омӯзгорон ва гулгашти истироҳатию фароғатии нав дар шафати хиёбони Сино аз назди муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то бинои Сафорати Федератсияи Россия дар масоҳати 1,87 га дар Маҷмааи таълимии шаҳраки “Шифобахш” ба охир расонида шуда, дар назди “Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон”  Маркази таълимӣ, илмӣ-амалӣ иборат аз 7 ошёна ва 120 ҳуҷраҳои таълимӣ ташкил ва  ба истифода дода шуд. Сохтмони Маркази таълимию табобатӣ ва истеҳсолии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ воқеъ дар ноҳияи Варзоб ба маблағи 15 миллион сомонӣ, сохтмонӣ бинои асосии Коллеҷи давлатии тиббии шаҳри Турсунзода ба маблағи 1,2 миллион  сомонӣ ба анҷом расонида шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар соли 2022 дар муассисаҳои илмию таълимии вазорат дар маҷмӯъ 13232 нафар кормандони соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ ба таҳсили баъдидипломӣ фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 10,7% зиёд мебошад. Дар соли сипаришуда 316 нафар мутахассисон курсҳои бозомӯзиро дар муассисаҳои  таълимии хориҷи кишвар гузаштанд, ки нисбат ба соли гузашта 3 маротиба зиёд мебошад.

Дар 5 муассисаҳои системаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо мақсади таъмини бошандагон бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ 71,40 гектар заминҳои корами хоҷагии ёрирасон мавриди истифода қарор дошта, ба маблағи 1,15 миллион сомонӣ маҳсулоти гуногун ба даст оварда шудааст.

Шакли дигари низоми хизматрасонии иҷтимоиро табобати санаторию курортӣ ташкил дода, дар 4 осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо давоми мавсими истироҳатӣ – 2739 нафар, аз инҳо 1179 нафар шахсони маъюб ба истироҳату табобат фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба соли 2021-136 нафар зиёд мебошад.

Дар идомаи ҷаласа сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода баромад намуд.

Номбурда аз таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати кишвар, аз ҷумла Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, қайд кард, ки имрӯз соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои муҳим дар сиёсати давлати Тоҷикистон ба шумор меравад.

Сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода фаъолияти соҳаи тандурустии мамлакатро дар соли 2022 самарабахш ва бомуваффақият арзёбӣ намуда, ҳамзамон, иброз намуд, ки бо вуҷуди дастовардҳо, дар соҳа  ҳанӯз камбудиҳо низ ҷой доранд, ки баҳри бартараф намудани онҳо бояд кормандони соҳаи тандурустии мамлакат аз пештара бештар талош варзанд.

Дар идомаи ҷаласаи солонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар ба масъалаву мушкилоти ҷойдоштаи соҳа таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Аз ҷумла, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, пешгирии фавти модар ва кӯдак, пешгирии бемориҳои сироятӣ, махсусан, вируси норасоии масунияти одам, муоширати кормандони соҳа бо беморон, таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ бо мутахассисон, таъмиру тармими муассисаҳои соҳавӣ, ба такмили ихтисос фаро гирифтани кормандони соҳа, ба роҳ мондани боз ҳам усулҳои нави ташхис ва табобат дар соҳаи тибби кишвар ва дигар масъалаҳои алоқаманди соҳа аз мавзӯъҳои асосии ҷаласаи солонаи вазорат ба шумор мерафтанд.

Дар охир қарори Ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, сардорони раёсат ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар  баҳри  бартараф намудани камбудиҳои мавҷудаи соҳа ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, кӯмаки фаврии ройгони тиббӣ, таъмиру тармим намудани иншооти тандурустӣ,  аз ҷумла бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳот, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва фавти модару кӯдак, омода  намудани мутахассисони соҳавӣ ва таъмини онҳо бо ҷойи кор, истифодаи технологияи муосир дар самти беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, саривақт ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, риояи одоби муоширати табибон бо беморон, иҷрои саривақтии барномаҳои соҳавӣ ва дигар масъалаҳо аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 1,100
  • 1,168
  • 841,586