Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои барномаҳои соҳавӣ

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои барномаҳои соҳавӣ
Декабр 28
12:50 2022

Санаи  27 декабри соли равон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 ба ҳозирин маълумот дод.

Гуфта шуд, ки дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамасола ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа мегардад, дар баробари дигар бахшҳо ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Махсусан, дар Паёми навбатии худ Роҳбари давлат иброз доштанд, ки ҳоло шумораи муассисаҳои тандурустии мамлакат нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд гардида, ба 5116 ва кормандони онҳо ба 79 ҳазор расидааст.

Ҳамчунин, дар панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 19 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2022-юм 4,3 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Дар баробари ин, то охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда мешавад ва ба ин мақсад 285 миллион сомонӣ равона мегардад.

Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки ҷиҳати аз 1-уми июли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол зиёд кардани андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат, яъне аз 512 сомонии амалкунанда то 836 сомонӣ ва иловатан барои ҳар як кӯдаки оилаҳои мазкур мутобиқан ба ин давра аз 34 сомонӣ то 152 сомонӣ ҷудо кардани маблағҳо чораҷӯӣ намояд.

Дар баробари ин, Президенти мамлакат иброз доштанд, ки бо вуҷуди он ки дар самти пешгирӣ кардан ва табобати беморон дастоварду пешравиҳои муайян ба назар мерасанд, вале ҳанӯз масъалаҳои тарбияи кадрҳо, хусусан, дар коллеҷҳои тиббии чи давлатӣ ва чи хусусӣ, аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳо бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ ва сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳбудӣ металабанд.

Ҳамзамон, Сарвари давлат ба рушди саноати дорусозӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, қайд карданд, ки новобаста ба пешравиҳои соҳа, ҳанӯз ҳам имкониятҳои мавҷудаи истифоданашуда дар ин самт ҷой доранд. Аз ин рӯ, масъулинро мебояд, ки дар ин самт чораҳои иловагӣ андешанд.

Зикр гардид, ки кулли кормандони соҳаи тандурустии мамлакат ин ҳуҷҷати муҳимро сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор дода, баҳри таъмини солимии аҳолӣ аз пештара бештар кушиш хоҳанд кард.

Дар ҷаласа чор масъала-“Рафти иҷроиши «Барномаи миллии  иммунопрофилактика  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» дар давоми 11 моҳи соли 2022”, “Амалисозии “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024”, “Иҷрои нақшаю чорабиниҳои «Барномаи миллӣ оид ба таъмини бехатарии хуни донорӣ ва такмили фаъолияти хадамоти хун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар соли 2022” ва “Ҷараёни татбиқи “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2024”  дар соли 2022” мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифта, аз рафти иҷрои барномаҳои соҳавӣ натиҷагирӣ карда шуд.

Доир ба мавзӯъи якуми ҷаласа-“Рафти иҷроиши «Барномаи  миллии  иммунопрофилактика  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» дар давоми 11 моҳи соли 2022” Файзалӣ Саидзода, директори генералии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат баромад намуд.

Гуфта шуд, ки пешгирии бемориҳои сироятӣ, паст намудани фавт аз онҳо, таъмини сатҳи баланди фарогирӣ бо иммунизатсия ва риояи ҳатмии иммунизатсияи тақвимӣ бо  қоидаҳои асосии бехатарӣ – яке аз самтҳои асосии фаъолият ва вазифаҳои соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад.

Таҳия ва қабули Барномаи миллии иммунопрофилактика барои  солҳои 2021-2025 (аз 27 феврали соли 2021, №51) далели он аст, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала диққати махсус медиҳад. Барномаи миллии иммунопрофилактика тамоми тарафҳои фаъолияти соҳаро оид ба мақсаду вазифаҳои он барои пешгирии бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда, бо тарҳрезии қадамҳои алоҳида дар бар мегирад. Дар барномаи миллӣ вазифаҳо, мақсадҳои соҳа, равандҳои асосӣ ва муҳлатҳои иҷроиши онҳо муайян карда шудаанд.

Мақсади асосии Барномаи миллии  иммунопрофилактика – ин таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии кишвар, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда,  устувор нигоҳ доштани мақоми давлати озод аз бемории фалаҷ, баланд бардоштани дастрасӣ, сифатнокӣ ва самаранокии хизматрасониҳои тиббӣ, беҳтар намудани саломатии модар ва кӯдак, таъмини дарозумрии аҳолӣ ва пурзӯр намудани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ҷумҳурӣ  мебошад.

Қайд гардид, ки сол ба сол ваксинаҳои нави замонавӣ дар Тақвими миллии иммунизатсия ворид шуда истодаанд ва коргузорӣ дар соҳаи иммунопрофилактика талаботҳои навро ба миён меорад, ки ин баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи хуби кормандони кӯмаки аввалияи тиббию санитариро талаб мекунад.

Дар идомаи баромади хеш номбурда доир ба рафт амалисозии барномаи мазкур ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод намуда, ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта, иҷрои босифати бандҳои барнома аз ҷониби роҳбарияти вазорат ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Баъдан, доир ба амалисозии “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ғизо”-и вазорат Шарипов Азизулло ба ҳозирин маълумот дод.

Бояд гуфт, ки ғизо яке аз омилҳои муҳимтарин мебошад, ки ба вазъи саломатӣ, фаъолияти меҳнатӣ, рушди зеҳнӣ ва ҳолати ҷисмонӣ, инчунин давомнокии умри инсон таъсир мерасонад. Тибқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, 80 дарсади бемориҳо дар ҷаҳон дар натиҷаи нодуруст ташкил намудани ҳолати ғизо рух медиҳанд, ки дар соҳаи тиб мушкилоти зиёдеро ба вуҷуд меоранд.

Айни замон пешгирии фарбеҳӣ дар аксари давлатҳои ҷаҳон масъалаи афзалиятноки соҳаи тандурустӣ буда, ба бемориҳои дорои аҳамияти тиббию иҷтимоӣ табдил ёфтааст.

Ҷараёни урбанизатсия ва глобализатсияи саноати хӯрокворӣ ва рушди иқтисод тайи солҳои охир дар ғизогирии аҳолӣ тағйироти назаррас ворид намуд, ки бо кам истеъмол  намудани  нахҳои ғизоӣ ва зиёд истеъмол намудани ғизоҳои тезтайёр ва чарбдор, нӯшокиҳои газноки ширин, қандҳои оддӣ ва намак тасниф ёфта, ба сатҳи инкишофи бемориҳои музмини ғайрисироятӣ мусоидат намуд.

Маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  нишон медиҳанд, ки дар ҷаҳон тақрибан 2 млрд (зиёда аз 1 млрд 971 млн нафар) одам аз вазни зиёдатӣ ва 671 млн аз фарбеҳӣ азият мекашанд. Ҳар сол 2,8 млн нафар одам аз фарбеҳӣ мефавтанд, ғайр аз ин, 44%-и беморони диабети қанд, 23%-и ишемияи дил, аз 7 то 21%-и бемориҳои саратонӣ, то 4-6% стеатогепатитҳо ба вазни зиёд ва фарбеҳӣ алоқамандӣ доранд. Аз шумораи умумии вазни зиёди бадан ва мубталои фарбеҳии дар боло овардашуда, 340 млн (18% духтарон ва 19% писарон)-и онро кӯдакони синни аз 5-сола ташкил медиҳанд.

Вобаста ба ин, бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ Ҳукумати Тоҷикистон чораҳои таъхирнопазир андешида, мушкилиҳои дар ин самт бударо ба воситаи қабули қонунҳо, стратегияҳо, барномаҳо ва нақшаҳои миллию минтақавӣ марҳила ба марҳила ҳал менамояд, ки қабули «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024» аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар муҳим будани масъалаи мазкурро тасдиқ менамояд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки яке аз ҳадафҳои асосиси барномаи мазкур -ташаккулдиҳии рафтори одамон нисбати пешгирии бемории фарбеҳӣ ва бемориҳои ба он алоқаманд мебошад.

Ҷиҳати амалисозии барномаи мазкур вазорату идораҳои дахлдор муваззаф гардида, оид ба амалисозии он ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод менамоянд.

Дар идома номбурда доир ба рафти иҷориши бандҳои алоҳидаи барномаи мазкур низ маълумот дод.

Доир ба “Иҷрои нақшаю чорабиниҳои «Барномаи миллӣ оид ба таъмини бехатарии хуни донорӣ ва такмили фаъолияти хадамоти хун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар соли 2022” муовини директори генералии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун” Қутбиддинов Азмиддин маърӯза намуд.

Қайд гардид, ки мақсади «Барномаи миллӣ оид ба таъмини бехатарии хуни донорӣ ва такмили фаъолияти хадамоти хун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»-таъмин намудани бехатарӣ, сифат ва дастрасии кӯмаки трансфузионӣ, ҷорӣ намудани дастовардҳои нави соҳаи тибби трансфузионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Вазифаҳои барнома аз такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва сохтори ташкилии хадамоти хун, татбиқи технологияи муосир, дар асоси таҷдиди заминаи моддию техникӣ, баланд бардоштани тахассуси мутахассисони хадамоти хун, рушди донории хун ва ҷузъҳои он, дар асоси ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешрафтаи байналмилалии ташкилии он ва татбиқи системаи назорати сифати маҳсулоти аз хуни донорӣ тайёршаванда иборат мебошад.

Зикр гардид, ки “Барномаи миллӣ оид ба таъмини бехатарии хуни донорӣ ва такмили фаъолияти хадамоти хун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар шакли китоб бо миқдори 500 нусха нашр гардида, ба раёсатҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин ба вазорату идораҳои дахлдор дастрас карда шудааст.

Дар идома вобаста ба  ҷараёни иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Барномаи миллӣ оид ба таъмини бехатарии хуни донорӣ ва такмили фаъолияти хадамоти хун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ба ҳозирин маълумот пешниҳод карда шуд.

Доир ба масъалаи чорум-“Ҷараёни татбиқи “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2024”  дар соли 2022”  сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи вазорат Зоир Набиев баромад кард.

Маврид ба зикр аст, ки “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2024” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 майи соли 2020, №292 тасдиқ гардидааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсози иҷрои “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак барои солҳои 2020-2024” муайян карда шудааст.

Мақсади барнома ноилшавӣ ба ҳадафҳои мушаххаси Ассамблеяи тандурустии ҷаҳонӣ ҷиҳати коҳиш додани шумораи кӯдакони синни то 5 сола, ки ба ақибмонии қадкашӣ гирифторанд, ба 40% то соли 2025 ва мақсаду стратегияҳои  Ҳаракати умумиҷаҳонӣ оид ба беҳтаркунии сифати ғизо дар Тоҷикистон (SUN) вобаста ба коҳиш додани сатҳи қадпастӣ ба 17 % то охири соли 2024 мебошад.

Барнома аз 5 боб ва нақшаи он аз 33 банд иборат буда, иҷроиши 17 банди он ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд, 13 банди дигар боз ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар якҷоягӣ бо дигар вазорату идораҳои алоқаманд, 2 банд ба Кумитаи роҳбарикунанда дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва 1 банд ба кумитаҳои кор бо занон ва оила, кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст.

Бояд қайд кард, ки иҷроиши Барномаи мазкур дар се марҳила бояд амалӣ гардад. Марҳилаи якум солҳои 2020 – 2021-ро дар бар гирифта, дар ин давра иҷроиши 14 банд пешбинӣ шуда буд ва ҳамаи бандҳо пурра иҷро гардида, то соли 2024 идома меёбад.

Марҳилаи дуюм солҳои 2022 – 2023 –ро дар бар мегирад. Бинобар ин, дар соли 2022 иҷроиши боз 14 банди дигари Барнома илова гардид, ки ин бандҳо барои соли 2022 пурра иҷро гардида, боз иҷроиши бандҳои мазкур низ то соли 2024 давом меёбад.

Марҳилаи сеюм, ки аз 5 банд иборат аст, аз соли 2024 оғоз меёбад.

Дар фарҷоми ҷаласа Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббӣ, пурзӯр намудани корҳои ободониву созандагӣ, иҷрои саривақтии барномаҳои соҳавӣ, омодагӣ ба зимистонгузаргонӣ, одоби муоширати кормандони тиб, аз ҷумла табибон бо беморон, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.

Доир ба мавзӯъҳои  баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Феврал 2023
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜன    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 776
  • 831
  • 719,142