23-юми сентябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷигарӣ аз ҷараёни татбиқи “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ҷаласаи корӣ доир гашт, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, роҳбарони муассисаҳои давлатии «Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ», «Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи профессор М.Ғ. Ғуломов», сардорони раёсату шӯъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони як қатор муассисаҳо ва беморхонаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа қайд гардид, ки фаъолияти сохтори наркологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти татбиқи “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ба роҳ монда шудааст.
Дар ин замина, гуфта шуд, ки тайи солҳои охир тавассути дастгирии бевоситаи роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори наркологии кишвар рушд намуда, заминаи моддию техникии муассисаҳои наркологӣ тақвият ёфт, технологияҳои муосири пешгирӣ, табобат ва офиатбахшии беморон дастрас ва ба фаъолият оғоз намуданд.
Инчунин, тибқи талаботи бандҳои дахлдори стратегияи мазкур ва дар асоси Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи ёрии наркологӣ ба аҳолӣ таҳия ва тасдиқ гардиданд.
Зикр гардид, ки ҷиҳати роҳандозии стратегияи номбурда чорабиниҳои саривақтӣ ба роҳ монда шуда, омилҳои таъсиррасонанда дар самти болоравии сатҳи нашъамандӣ дарёфт ва арзёбӣ карда шуда, амалҳои номатлуби суйистеъмоли маводи нашъаовар ва нашъамандӣ, оқибатҳои тиббию иҷтимоии онҳо коҳиш дода шудаанд.