Натиҷагирӣ аз сафари табибони Полша

Натиҷагирӣ аз  сафари табибони Полша
Июн 27
12:46 2020

26 июни соли равон дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе оид ба натиҷагирӣ аз сафари табибони Полша ба Тоҷикистон ва боздиду шиносоии онҳо бо муассисаҳои тандурустии мамлакат брифинги хабарӣ доир  гардид.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусамадзода зимни суханронии хеш вобаста ба натиҷаҳои сафари табибони Полша ба мамлакат суханронӣ намуд.

Қайд гардид, ки бо мақсади пешгирӣ ва табобати бемории КОВИД-19 табибони Полша ба як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар сафар намудаву бо фаъолияти онҳо шинос шуда, ҳамзамон, барои ҷорӣ намудани усулҳои нави табобати беморони мазкур бо табибони тоҷик суҳбату вохуриҳои судманд анҷом доданд.

Табибони Полша дар навбати худ ба фаъолияти табибони тоҷик дар самти мубориза бар зидди бемории  КОВИД-19 баҳои баланд доданд.

Ҳамзамон, табибони кишвари Полша таассуроти хешро аз сафар ба минтақаҳои Тоҷикистон баён намуда, аз манзараҳои зебову нотакрори кишвари азизамон ситоиш намуданд.

Дар маҷмӯъ,  метавон гуфт, ки шиносоӣ  ва боздиди табибони полягӣ аз муассисаҳои тандурустии кишвар ва табодули таҷрибаи онҳо дар самти пешгирӣ ва табобати бемории  КОВИД-19 ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва таҷрибаи табибони тоҷик барои пешгирии ин беморӣ натиҷаҳои хуб ба бор овард.

Дар навбати худ табибони тоҷик аз табибони полягӣ, ки дар самти пешгирӣ ва табобати бемории  КОВИД-19 таҷрибаи ғанӣ доранд, усулҳои нави ташхис ва табобати беморони мазкурро омӯхтанд.

Ҳамин тавр, бо натиҷа ва дастовардҳои назаррас сафари табибони Полша ба Тоҷикистон ба охир расида, онҳо субҳи 27 июн ба кишвари хеш баргаштанд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Феврал 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜன    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
26272829  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 444
  • 1,242
  • 817,725