Натиҷагирӣ аз таҳияи ҳуҷҷати нави «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»

Натиҷагирӣ аз таҳияи ҳуҷҷати нави «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»
Март 14
14:04 2018

Имрӯз дар меҳмонхонаи «Хаят Реченсӣ» воқеъ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, бо мақсади натиҷагирӣ аз тадбиқи босамари «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020»  ва таҳлилу баррасии роҳҳои тадбиқи стратегияи мазкур дар соли 2018 ҷаласаи гурӯҳҳои кории технекии “Идоракунӣ” ва “Маблағгузорӣ”-и амалисозии  «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» дар соли 2018 сурат гирифт.

Ҷаласаи кориро муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода роҳбарӣ намуда, дар рафти кори он Игор Поканевич,  роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии  тандурустӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилором Содиқова ёрдамчии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони дастгоҳи марказии вазорат,  намояндагони дигар вазорату идораҳои кишвар ва мутахассисони созмонҳои рушд иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи гурӯҳҳои корӣ, инчунин муҳокимаи корҳои омодабошӣ барои баргузории Шарҳи солонаи соли ҳаштуми амалисозии «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» сурат гирифт.

Масъалаи муҳими дигаре, ки дар ҷаласаи мазкур мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт, ин методология таҳияи ҳуҷҷати нави «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» маънидод мегардад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Феврал 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜன    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
26272829  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 428
  • 1,242
  • 817,709