НАВГОНӢ: Табибони тоҷик бори аввал ҷарроҳии нуқси модарзоди сурхрудаи басташударо анҷом доданд

НАВГОНӢ:  Табибони  тоҷик бори аввал ҷарроҳии нуқси модарзоди сурхрудаи басташударо анҷом доданд
Октябр 29
09:57 2020

Ҷарроҳони муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” аввалин маротиба дар таърихи тибби муосири тоҷик ҷарроҳиро вобаста ба нуқси модарзоди сурхрудаи басташуда анҷом доданд. Бояд гуфт, ки қаблан кӯдакони бо чунин нуқси модарзоди таваллудшуда имкони ками  зинда монданро доштанд, зеро, анҷоми чунин амалиётҳо  бениҳоят нозуку мураккаб мебошанд.  Инак, аввалин маротиба ба ду кӯдак чунин амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуд ва хушбахтона онҳо зинда монданд.

Ду кӯдакро пас аз таваллуд бо нуқси сурхрудаи модарзод ба  Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе оварданд. Амалиёти таърихӣ бо муваффақият гузашт, ки инро табибони тоҷик ҳамчун як дастоварди назарраси соҳаи тандурустии мамлакат дар даврони Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ менамоянд.

Ҷиҳати анҷом додани чунин ҷарроҳӣ табибони Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия донишашонро бар пояи технологияи муосири тиббӣ такмил доданд.

Акнун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  низ дар қатори давлатҳои пешрафтаи олам, ба монанди Россия, Чин,  Олмон ва дигар мамолики пешрафта ҷарроҳии сурхрудаи модарзоди кӯдакон гузаронида хоҳад шуд.

Мутахассисони соҳа сабабҳои бо чунин нуқс таваллуд шудани кӯдаконро дар хӯроки носолими модар ҳангоми ҳомиладорӣ, одатҳои бади зани ҳомила, аз қабили сигоркашӣ, истифодаи маводи наркотикӣ, дар ҷисм ҷой доштани вирус ва хусусиятҳои гинетикӣ арзёбӣ менамоянд.

(Акс аз манбаъҳои дастрас)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 1,419
  • 1,421
  • 957,941