Дирӯз, 15-уми августи соли равон аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ чорабинии сӯзонида несту нобуд кардани маводи нашъадор доир гардид. Дар чорабинии мазкур кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳузури намояндагони расонаҳои хабарӣ, мақомоти прокуратура, суд ва дигар ташкилоту идораҳои марбута наздики як тонна навъҳои гуногуни ин бори марговарро тариқи сӯзонидан маҳву нобуд намуданд.
Аз ҷумла, 49 кг героин, 465 кг афюн, 345 кг бангдонаи хушккардашуда, ниҳолҳои бангдона ва дигар намуди моддаҳои нашъадор сӯзонида несту нобуд карда шуданд.
Қайд кардан зарур аст, ки солҳои охир кормандони милитсия муборизаро алайҳи роҳҳои муосири истифодаи воситаи нашъадор пурзур намуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳазорҳо дона ҳабҳои нашъадори синтетикӣ, ки истеъмоли он ба ҳаёту саломатии одамон таҳдид мекунад, дарёфт ва мусодира менамоянд.
Дар чорабинии мазкур низ миқдори зиёди ҳабҳои нашъадори синтетикӣ сӯзонида несту нобуд карда шуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки ин бори марговари сӯзонидашуда, он далелҳои шайъие буданд, ки вобаста ба 159 парвандаи ҷиноятӣ нисбати он шаҳрвандоне, ки нисбаташон ҳукми суд содир гардида буд, тааллуқ доштанд.
Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ медиҳад.