НИГАРОНӢ: Қоидаҳои пешгирии бемории COVID-19 аз ҷониби шаҳрвандони кишвар риоя намегардад!

НИГАРОНӢ: Қоидаҳои пешгирии бемории COVID-19 аз ҷониби шаҳрвандони кишвар риоя намегардад!
Август 06
13:05 2020

Тавре иттилоъ дорем, ҳанӯз 4 июни соли равон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии сирояти коронавируси нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо нашри як муроҷиатнома аз тамоми шаҳрвандони мамлакат эҳтиромона хоҳиш намуд, ки  қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набароянд, дар нақлиёт ва дигар  ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ  аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намуда, ба таври қатъӣ   фосилаи  байни  ҳамдигарро ба андозаи аз якуним то ду метр нигоҳ доранд.

Мутаассифона, новобаста аз тадбирҳои андешидаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ дар пешгирии бемории COVID-19, имрӯзҳо бархе шаҳрвандони мамлакат бар хилофи тавсияи мутахассисони соҳа ҷиҳати пешгирии ин беморӣ амал намуда истодаанд.

Махсусан, имрӯзҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаву хиёбонҳо, марказҳои хизматрасонӣ, дохили нақлиёти ҷамъиятӣ ва дигар ҷойҳои серодам шаҳрвандони зиёдеро вохурдан мумкин аст, ки ниқоби тиббӣ надоранд ва фосилаи иҷтимоиро риоя намекунанд, ки ин амали онҳо хилофи қоидаҳои пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 мебошад.

Ҳамватанони гиромӣ!

Пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 аз ҳар яки мо сокинони Тоҷикистон вобастагии  калон дорад, зеро, агар мо қоидаҳои пешгирии бемории мазкурро қатъиян риоя намоем ва дар самти пешгирии он саҳмгузор бошем, метавонем ҳарчи зудтар кишварамонро аз ин беморӣ наҷот диҳем ва ба кору зиндагии муқаррарӣ баргардем.

Аммо, бепарвоиву бемасъулиятии ҳар кадоми мо метавонад боиси авҷ гирифтан ва зиёд шудани шумораи гирифторони бемории коронавируси нави COVID-19 дар Тоҷикистон гардад.

Падарону модарони азиз!

Дар навбати худ Шумо  масъул ва вазифадор ҳастед, ки фарзандони хешро дар самти риояи қоидаҳои пешгирии бемории COVID-19 қатъиян назорат намоед. Ба онҳо бояд бифаҳмонед, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ фосилаи иҷтимоиро риоя намоянд ва ҳатман аз ниқоби тиббӣ истифода баранд.

Ҳамзамон, масъулини тамоми вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва дигар сохторҳои давлативу ғайридавлатиро зарур аст, ки дар самти риояи қоидаҳои пешгирии бемории COVID-19 дар байни кормандони хеш корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоянд ва масъалаи мазкурро таҳти назорати қатъӣ қарор бидиҳанд.

Дар хотир дошта бошед, ки қатъиян риоя намудани қоидаҳои  гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, истифодаи  ҳатмии  ниқобҳои  муҳофизатии тиббӣ  ва риояи фосилаи байниҳамдигарӣ дар шароити паҳншавии бемории сироятии коронавирус тадбирҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар  роҳи   ҳифзи солимии ҷомеа ва мубориза бар зидди ин бемории сироятӣ тақвият бахшида, ба пешгирии саривақтӣ аз хуруҷи мавҷи дуюми ин беморӣ дар мамлакат мусоидат менамояд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 723
  • 1,103
  • 947,461