Нишасти матбуотии вазорат баргузор гашт

Нишасти матбуотии вазорат баргузор гашт
Август 09
15:43 2023

Имрӯз, 9 августи соли равон дар бинои Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он дар шашмоҳаи аввали соли 2023 нишастӣ матбуотӣ баргузор гашт, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Абдухолиқ Амирзода, Зулфия Абдусаматзода, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, роҳбарони хадамотҳои соҳавӣ, директорони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва 49 нафар рӯзноманигорон аз расонаҳои дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.

Бо назардошти он, ки қабл аз оғоз ба намояндагони ВАО вобаста ба фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар шашмоҳаи аввали соли 2023 Варақаи иттилоотӣ дастрас гардид, нишасти матбуотии вазорат аз бахши саволу ҷавоб оғоз гашт.

Ҳамин тавр, намояндагони ВАО доир ба мавзӯъҳои норасоии табибон, сабабҳои ба хориҷи кишвар рафтани кормандони соҳа, шумораи муассисаҳои тиббӣ дар мамлакат, пешгирии фавти модар ва кӯдак, пешгирии маъюбшавии кӯдакон, фаъолияти таваллудхонаҳо, вазъи муассисаҳои тиббии хусусӣ, вазъи захмиёни задамаи нақлиётии шаҳри Кӯлоб, давоми шашмоҳаи аввали соли равон нисбат ба чӣ қадар табибон парвандаҳои ҷиноятӣ кушода шудааст ва шикоят аз болои табибон асосан дар кадом самт аст, вазъи бемории сурхча дар Тоҷикистон, коҳиш додани арзиши ҷарроҳии ношунавоӣ, ки чанде қабл бори аввал дар кишвар аз ҷониби табибони Тоҷикистон ба роҳ монда шуд, кӯмаки равонӣ ба оилае, ки дар садамаи нақлиётии шаҳри Кӯлоб чанд нафари аъзои он ба ҳалокат расиданд, вазъи озмоишгоҳи “Беҳдоштӣ” дар кишвар, аз ҷумла дар минтақаҳо, назорати фурӯши маводҳои дорувории сахттаъсир, вазъи бемории вируси норасоии масунияти одам, нархнома ва қоидаҳои гирифтани ҳуҷҷатҳои 028 ва 038 дар марказҳои саломатӣ, дар Тоҷикистон кадом ихтисосоҳои соҳаи тандурустӣ намерасанд, ташхисҳои ройгон барои беморон, нархномаҳои озмоишгоҳҳо, вазъи бемории себсиз ва бранхит, вазъи соҳаи кадрӣ дар ВМКБ, пардохтҳои ғайринақдӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ва дар умум аз ҷониби 12 рӯзноманигор наздики 40 савол пешниҳод гардид, ки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи онҳо посухҳои мушаххас гардонид.

Нишасти матбуотии вазорат 1 соату 20 дақиқа идома ёфта, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳои пешниҳодгардида ҷавобҳои мушаххас пешниҳод намуд.

Дар умум намояндагони ВАО аз посухҳои пешниҳодгашта қаноатманд шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மார்ச்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 205
  • 579
  • 862,685