“Низоми тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пандемияи COVID-19”

“Низоми тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пандемияи COVID-19”
Апрел 27
17:46 2023

Имрӯз, 27 апрели соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унувони “Низоми тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пандемияи COVID-19” конфронси  илмӣ-амалӣ доир  гардид, ки дар он  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Абдухолиқ Амирзода, Зулфия Абдусаматзода, Сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер, иқтисодчии калон, Роҳбари гурӯҳи лоиҳаи TEC-19, Бонки Ҷаҳонӣ Якуб Ян Какитек, Роҳбари дафтари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олшавский, шарикон оид ба рушд ва роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии мамлакат иштирок намуданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода конфронси мазкурро ифтитоҳ намуда, нахуст ба шарикон оид ба рушд барои дастгирии пайвастаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар изҳори сипосу миннатдорӣ баён дошт.

Қайд карда шуд, ки маҳз бо дастгирии Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон тавонист фаъолияти худро босамар ба роҳ монда, дар самти пешгирии бемории коронавирус ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад.

Бояд гуфт, ки то ҳол дар давлатҳои қисмати аврупоӣ ва Осиёи Марказӣ новобаста аз паст гардидани авҷи паҳншавии сироят, бақайдгирии ҳаррӯзаи сирояти нави коронавирус COVID-19 ба чашм мерасад.

Таҳлили вазъи эпидемиологӣ ва нишондодҳои оморӣ нишон медиҳад, ки бемории коронавирус COVID-19 қариб дар 56 давлатҳо ва минтақаҳои ҷаҳон то ҳол бақайд гирифта мешавад. тАз ҳама бештар бақайдгирии беморшудагон дар Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Бразилия, Федератсияи Россия, ИМА, Ҳиндустон, Олмон, Лаҳистон, Австрия ва Молдова, ки дар 10-гонаи аввали рӯйхати зиёд бақайдгирӣ истодаанд, ба чашм мерасад.

Дар тамоми ҷаҳон то 5 апрели соли 2023 зиёда аз 684 289 335 нафар одамон ба сирояти коронавирус COVID-19 мубтало гашта, 657255870 нафари онҳо шифо ёфта,6 833794 нафар ва ё 1,0 фоизи сироятёфта фавтидааст ва айни ҳол 20199671 нафар, аз ҷумла 39818 нафар дар ҳолати вазнини беморӣдар қайд қарор дода шудаанд. Маврид ба зикр аст, ки дар охири ҳафтаи охири моҳи март нисбат ба охири ҳафтаи аввали моҳи апрели соли ҷорӣ дар ҷаҳон 30 фоиз коҳишёбии бақайдгирии беморӣ бачашм расидааст.

Дар баробари ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2022 ҳодисаҳои нави сироятёбӣ ба қайд гирифта нашуда, тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ аз 8 феврали соли 2023 чораҳои зиддиэпидемикӣ, аз қабили дархости пешниҳоди маълумотномаи тиббӣ ва ё гувоҳномаи ваксинатсия  аз байн бардошта шуд.

Дар умум аз аввали бақайдгирии беморӣ шумораи сироятёфтагон ба 17388 нафар ва шумораи фавтидагон ба 124 нафар баробар гардидаанд.

Бо мақсади пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавируси COVID-19 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои мақсаднок ҷудо гардида, инчунин аз ҳисоби ташкилотҳои байналмилалӣ кӯмакҳои моддию техникӣ расонида шудаанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки айни замон дар ҷумҳурӣ дар заминаи муассисаҳои давлатии соҳа 17 адад ва 7 адад дар муассисаҳои хусусӣ озмоишгоҳҳои вирусологӣ фаъолият карда истодаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки раванди иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 марти соли 2021, №83 “Дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” вобаста ба ворид намудани ваксинаҳои зидди бемории COVID-19 ба ҷумҳурӣ ва фарогирии аҳолии гурӯҳҳои мақсаднок бо ваксинатсия зидди бемории мазкур таҳти назорати қатъӣ қарор дода шудааст.

Дар идомаи конфронс дар мавзӯи “Низоми тандурустии Тоҷикистон ва пандемияи COVID-19, дастовардҳо, мушкилотҳо, дарсҳои омӯхташуда ва қадамҳои минбаъда” муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, “Саҳми USAID дар мубориза бо сирояти COVID-19 дар Тоҷикистон Саидмуъмин Холов, мутахассис оид ба идора намудани Барномаҳои тандурустӣ, USAID/Тоҷикистон, “Оғози Барномаи глобалии амнияти саломатии USAID” Кристофер Баррет, сардори шӯъбаи тандурустӣ, USAID/Тоҷикистон, “Экспертизаи Филиали ташкилоти “Фемили Хелс Интернешнл” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вокуниш ба COVID-19 дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Мирвайс Раҳимзай, директори шӯъбаи ФХИ 360 оид ба COVID-19, “Саҳми шарикон оид ба рушд дар мубориза бо пандемияи COVID-19 дар Тоҷикистон” Намояндаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба рушд дар соҳаи тандурустӣ (DCC), “Таҷрибаи COVID-19: Мукаммалсозии вокуниш ба таҳдидҳои нави сироятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  Раҳмонов Э.Р., сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бемориҳои сироятӣ, “Сирояти коронавирусӣ дар кӯдакон: хусусиятҳои хоси равиш, ташхис ва табобат” Набиев З.Н., сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарон, кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Фибрози бо COVID-19 алоқаманди шушҳо” Ахмедова Ҳ.С., сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бемориҳои шуш, “Барқарорсозии функсияҳои метаболикии шуш дар бемороне, ки COVID-19-ро гузаронидаанд” Мурадов А.М., д.и.т., проф., Ризоев М., сармутахассиси  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи беҳискунӣ ва наҷот, “Таъсири COVID-19 ба фаъолияти муассисаҳои саратонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангинов Ҷ.Р., профессори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”,  “Хусусиятҳои хоси равиш ва табобати тромбозҳои шадиди рагӣ дар заминаи COVID-19” Ғоибзода А.Ҷ., профессори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо». Неъматзода О., ходими калони илмӣ, “Хусусиятҳои хоси равиш ва табобати беморон бо Диабети қанди навъи 2 дар давраи пандемияи COVID-19” Қосимова С.Ҷ., – сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи эндокринология, “Ташхиси барвақтӣ ва табобати некрози асептикии сараки устухони рон пас аз COVID-19 Қурбонов С., сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба осебшиносӣ, “Вазъи функсионалии узвҳо ҳангоми шакли риносеребралии мукормикоз дар давраи пас аз COVID-19” Ҳомидов М.Г., муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии – Шифобахш” баромад намуданд.

Дар охир як қатор иштирокчиёни конфронс бо Сипоснома қадрдонӣ шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 407
  • 956
  • 913,107