Номи ту дар ёди мост

Номи ту дар ёди мост
Июл 07
17:58 2020

Бузурукова Шоира Камоловна  1-уми январи соли 1971 дар шаҳри Душанбе дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст.

Соли 1994 пас аз хатми  мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, онро соли 1996 бо ихтисоси  «Духтури кӯдакона» ба итмом расонидааст.

Номбурда дар даврони донишҷӯӣ  дар Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) дар  соҳаи бемориҳои кӯдакони навзод давраи омӯзишӣ гузашта, соҳиби   ихтисоси  табиби навзодон гаштааст.

Шоира Бузурукова аз соли 1996 дар таваллудхонаи шаҳрии шаҳри Хуҷанд ҳамчун табиби бемориҳои навзодон фаъолияташро оғоз  намуда, мавсуф дар давоми фаъолияти корӣ дар вазифаҳои роҳбарикунанда худро ҳамчун ташкилотчии соҳибтаҷриба нишон додааст.

Шоира Бузурукова ҳамчун табиби дараҷаи тахассуснокиаш олӣ аз соли 2000 дар  Раёсати тандурустии вилояти Суғд  ба ҳайси сармутахассиси соҳаи бемориҳои кӯдакона ва аз соли 2008 дар вазифаи сардори шӯъбаи «Ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак» кор кардааст.

Инчунин,  номбурда аз моҳи майи соли 2013  ҳамчун сартабиби таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд фаъолият намуда, аз моҳи октябри соли 2018 то охири умр  вазифаи сартабиби Таваллудхонаи вилояти Суғд ба номи Ӯ.Шамсиддиноваро  бар уҳда дошт.

Барои хизматҳои назаррас ва саҳм гузоштан дар рушди соҳа Шоира Бузурукова соли 2005 бо нишони сарисинагии  «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.

Соли 2006 дар мавзӯи «Ташхис ва табобати норасогии шадиди нафас дар кӯдакони синни хурдсол» рисолати номзадии хешро ҳимоя намудааст.

Шоира Бузурукова  дар корҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд фаъолона иштирок намуда, аз соли 2015 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ва аз соли 2020 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд  буд.

Қобилияти ташкилотчигӣ  ва  саҳмгузорӣ дар пешрафти соҳаи тандурустиро ба инобат гирифта, номбурда бо якчанд Сипоснома  ва Ифтихорномаҳои Раёсати тандурустӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд қадрдонӣ карда шудааст.

Ин зани хоксору мушфиқ, соҳибтаҷрибаву соҳибэҳтиром ҳамарӯза баҳри ободониву сарсабз гардонидани муассисаҳои тиббӣ, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои тиббӣ заҳмат кашида, ҳамзамон, ҳамчун омӯзгор дар филиали Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд барои беҳтар намудани сатҳи дониши касбии табибони бемориҳои кӯдакони навзод кӯшишҳои зиёд ба харҷ додааст.

Номбурда оиладор, соҳиби ду фарзанд ва 4 набера буд.

Шоира Бузурукова санаи 30 июни соли ҷорӣ  ба Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд бо бемории «Илтиҳоби шадиди полисегментарии шушҳо аз 2 тараф, оризаи норасогии нафас дараҷаи III, ҳамрав: диабети қанди навъи аз инсулин новобастаи ҳолати миёна, тарбоди II марҳилаи ғайрифаъол, нуқсони ҳамҷояи дарғоти митрали дараҷаи II  бистарӣ шуда, санаи  4 июл  аз олам даргузашт.

Шоира Бузурукова тамоми ҳаёти худро баҳри сиҳатии мардум бахшид ва дар мубориза бо вируси нави COVID-19 шабонарӯзӣ  саҳми беназари худро гузошт.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми хизматҳои ин табиби ҳозиқро дар рушди соҳаи тандурустии мамлакат ва ҳамзамон дар мубориза бар муқобили  бемории COVID-19 шоистаи таҳсин дониста, аз даргузашти нобаҳангоми ӯ андуҳгин мебошад ва  ба пайвандону наздикони марҳума  сабри ҷамил мехоҳад.

Хотираи неки ин зани ҳалиму меҳрубон ва модари мушфиқ, табиби ҳозиқ то абад дар хотираи дӯстону наздикон ва ҳамкасбон боқӣ хоҳад монд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 703
  • 1,103
  • 947,441