НЮ-ЙОРК: Иштирок ва суханронии Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷаласаи шарикии боз доштани бемории сил

Сентябр 26
15:49 2024

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҷаласаи шарикии боз доштани бемории сил (Stop TB Partnership), ки дар доираи вохӯрии сатҳи баланд оид ба барномаи зидди бемории сил баргузор гашт, иштирок ва суханронӣ намуд.

Гуфта шуд, ки муқовимати микробҳо ба антибиотикҳо таҳдиди ҷиддӣ ва афзоянда ба соҳаи тандурустии ҷаҳон буда, қобилияти моро дар табобати сироятҳои маъмулӣ ва бемориҳои ба осонӣ табобатшаванда дар шароити ғайримуқаррарӣ халалдор мекунад.

Зимни суханронии хеш Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои солҳои 2021-2025» амалӣ мешавад. Ин кор тавассути таъмини дастрасии ҳамагон ба ташхис ва табобати саривақтии босифати шаклҳои бемории сил ва пешгирии рушди минбаъдаи муқовимат ба маводи мухаддир ба даст оварда мешавад.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки соли 2018 Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин Нақшаи миллии амалро оид ба мубориза бо устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ барои солҳои 2018-2022 тасдиқ кард. Санади мазкур таҳти роҳбарии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи амнияти озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.

“Татбиқи самараноки барномаҳои миллии мубориза бо сил дар Тоҷикистон дар даҳсолаи охир имкон дод, ки сатҳи гирифторшавӣ ба ин беморӣ 39 фоиз ва фавт 80 фоиз кам карда шавад. Фарогирии табобат барои шаклҳои ба дору тобовари сил 70% ва самаранокии он 75% мебошад”,-иброз дошт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат .

Инчунин, номбурда қайд кард, ки моҳи апрели соли равон дар Тоҷикистон Нақшаи дуюми тасдиқшудаи миллии амал оид ба мубориза бо устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ барои солҳои 2023-2025 ҷорӣ гардид, ки он ҷалби васеътари мақомоти давлатиро дарбар мегирад.

“Имрӯз дар ҳар як ноҳияи Тоҷикистон имкони ташхиси бемории сил, аз ҷумла бемории сили ба доруҳои гуногун тобовар ва сили ба доруҳои васеъ тобоварро дорад. Ин иқтидори васеъ ташхиси саривақт ва дақиқи беморонро кафолат медиҳад ва имкон медиҳад, ки табобат ва мубориза бо беморӣ самаранок анҷом дода шавад”,- дар идомаи суханронии хеш қайд кард Ҷамолиддин Абдуллозода.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Сентябр 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஆக    
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 551
  • 1,434
  • 1,050,790