Олимони Британия изҳор намудаанд, ки ваксинаҳои нахустини зидди COVID-19 ноқисанд

Олимони Британия изҳор намудаанд, ки ваксинаҳои нахустини зидди COVID-19 ноқисанд
Октябр 29
16:30 2020

Ваксинаҳои насли аввали зидди  коронавирус метавонанд ба ҳама таъсир накунанд, ноқис бошанд,  танҳо нишонаҳои бемориро коҳиш диҳанд,  вале сироятёбиро пешгирӣ накунанд,- иброз намудааст роҳбари гурӯҳи кории ҳукумати Британия оид ба ваксинаи зидди COVID-19 Кейт Бингэм, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости».

«Насли нахустини ваксинаҳо эҳтимолан номукаммал хоҳад буд, мо бояд омода бошем, ки онҳо метавонанд сироятёбиро пешгирӣ накунанд, танҳо нишонаҳои бемориро коҳиш диҳанд ва ҳатто дар ҳамин ҳол ҳам метавонанд барои ҳама муассир набошанд ё муддати тӯлонӣ кор накунанд», — нашр намудааст суханони Бингэмро маҷаллаи Lancet ва илова кардааст, ки ваксинаи зидди коронавирус таърихи аз ҳама деринтизор аст.

Роҳбари гурӯҳи корӣ инчунин зикр кардааст, ки ҳоло пайдо шудан ё нашудани ваксинаи зидди COVID-19 дар Британияи Кабир маълум нест ва даъват кард, ки аз ҳад зиёд умедвор ва хушбин набошем.

Бингэм дар ин мавод дар бораи дастрасии гурӯҳи кории ҳукумати Британия ба шаш ваксинаи эҳтимолӣ хабар додааст.

Қаблан мушовирони илмии ҳукумат хабар дода буданд, ки коркарди ваксинаро дар Британия аввалҳои соли 2021 интизор доранд. Онҳо ҳатто эҳтимоли шурӯъ шудани эмгузарониро бо ваксина пеш аз мавлуди Исо истисно намекунанд. Тадқиқоти мустақиле, ки мутахассисони Донишгоҳи Бристол гузаронидаанд, бехатарӣ ва самаранокии ваксинаи дар Оксфорд коркардшударо пешакӣ тасдиқ кардаст.

 

АКС аз манобеи озод

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 468
  • 956
  • 913,168