Дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) бар зидди бемории COVID-19 шаби 9 сентябри соли равон аз ҷониби кишвари Олмон ҳамчун кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон 100 ҳазору 800 воя ваксинаи “AstraZeneca” ворид гардид.
Маросими расмии супоридани ваксинаҳои мазкур имрӯз, 10 сентябри соли ҷорӣ дар Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода зимни мулоқот бо намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон ба ҳукумати ин кишвар ҷиҳати таҳвили ваксинаи “AstraZeneca” ба мамлакат изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Тавре зикр гардид, ваксинаҳои мазкур дар анборҳои махсус нигаҳдорӣ шуда, дар асоси нақшаи пешбинишуда ба аҳолӣ гузаронида мешаванд.