Озмоишгоҳи миллии референсӣ соли 2023 дар 2066 нафар аз гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ташхиси озмоишгоҳии ройгон гузаронид

Озмоишгоҳи миллии референсӣ соли 2023 дар 2066 нафар аз гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ташхиси озмоишгоҳии ройгон гузаронид
Феврал 07
11:45 2024

Бо мақсади иҷрои дастуру  ҳидоятҳои Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ давоми соли 2023 аз ҷониби Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» дар 2066 нафар аз гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба тариқи ройгон 10 137 ташхиси озмоишгоҳӣ гузаронида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» директори озмоишгоҳ  Баҳодур Холназар иттилоъ дод.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2023 аз тарафи шуъбаи баҳодиҳии берунаи сифати хизматрасонии (таҳқиқоти) озмоишгоҳҳои соҳаи тандурустии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» дар 9 муассисаи тандурустӣ, ки хадамоти озмоишгоҳӣ доранд, баҳодиҳии фаъолияти озмоишгоҳҳо ва баҳодиҳии берунии сифати хизматрасонӣ  гузаронида шудааст.

«Баҳри иҷрои супоришҳо дар самти назорати амалисозии ҳадафҳои асосии лоиҳаи «Таҳкими иқтидор дар чаҳорчӯби Барномаи саломатии ягона ҷиҳати дастгирии амалҳои афзалиятнок оид ба мубориза бо устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ дар Тоҷикистон», аз ҷумла назорати эпидемиологии E.Coli ESBL, устувории он ба доруҳои зиддимикробӣ ва баҳодиҳии берунаи сифати ташхисҳои бактериологии озмоишгоҳҳои бактериологии 6 муассисаи тандурустии мамлакат гузаронида шуд», — иброз дошт директори озмоишгоҳ.

Ба гуфтаи Баҳодур Холназар, рӯйдод ва дастоварди муҳими озмоишгоҳ дар соли 2023 — ин аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамчун Маркази эҳтимолии миллии мубориза бар зидди зуком дар мамлакат муайян намудани Муассисаи  давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» мебошад.

Қобили  тазаккур аст, ки 6 октябри соли 2021 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии  «Озмоишгоҳи миллии референсӣ»-ро ҳамчун Маркази эҳтимолии миллии мубориза бар зидди зуком дар мамлакат муайян намуда буд. Бо истифода аз татбиқи нақшаи умумии  II Саҳми шарикӣ дар механизми таъмини омодагӣ ба пандемия барои солҳои  2018-2023, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва дигар шарикони байналмилалӣ барои таъмини озмоишгоҳ бо техникаи зарурӣ кумак расониданд.

Моҳи марти соли 2023 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дархост ирсол намуд, ки Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ»-ро ҳамчун Маркази миллии мубориза бар зидди зуком дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эътироф намояд.

Тибқи баҳогузории ҳайати намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки  моҳи июни соли 2023 гузаронида шуд, Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз 100 хол соҳиби 96  хол гардида, як ҷузъи баландихтисоси системаи глобалӣ оид ба назорат ва вокуниш бо зуком барои ҳифзи аҳолӣ аз ҷониби ин ташкилоти бонуфуз эътироф гардид.

Ҳамин тавр, 13 сентябри соли 2023 директори минтақавии Дафтари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба кишварҳои Аврупо Ҳанс Клюге ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода номаи расмии Созмонро дар бораи эътирофи Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» ҳамчун Маркази миллии мубориза бар зидди зуком дар Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид.

АКС: Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ»

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மார்ச்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 211
  • 579
  • 862,691