Озмуни “Табобати комили сил имконпазир аст” ҷамъбаст гардид

Озмуни “Табобати комили сил имконпазир аст” ҷамъбаст гардид
Апрел 27
14:10 2021

Имрӯз, 27 апрели соли равон дар меҳмонхонаи Ҳайат Реҷенсии шаҳри Душанбе маросими расмии супоридани таҷҳизоти электронӣ ва дастгоҳ барои  табобат ва пешгирии бемории сил ва ҷамъбасти озмуни “Табобати комили сил имконпазир аст” доир гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода,  директори иҷроияи миссияи USAID дар Тоҷикистон Кит Симонс, директорони як қатор муассисаҳои тандурустӣ ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.

Муовини  якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода зимни суханронии хеш иброз намуд, ки бо кушиш ва талоши Ҳукумати Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд  давоми солҳои охир табобати бемории сил дар кишвар имконпазир гардида, барои ташхис ва табобати гирифторони ин беморӣ тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар доираи чорабинӣ аз ҷониби Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти электронӣ барои истифода бурдан ҳангоми дарёфти бемории сил ва дастгирии табобати фосилавӣ ва ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгоҳ барои гузаронидани таълими фосилавӣ барои Раёсати тиббии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ тақдим карда шуд.

Ҳамзамон, дар ҷараёни чорабинӣ озмуни беҳтарин маводи журналистӣ дар бораи бемории сил таҳти унвони “Табобати комили сил имконпазир аст”, ки аз ҷониби Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ  дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида буд, ҷамъбаст гардид.

Тибқи хулосаи ҳакамони озмун, муаллифи маводи беҳтарин, ки дар манбаъи интернетӣ нашр шудааст хабарнигор Хуршед Фозилов, ғолиби беҳтарин барномаи радиоӣ Идигули Раҷаб, хабарнигори Радиои “Тоҷикистон” ва ғолиби бахши беҳтарин намоиши телевизионӣ Беҳрузи Одина, сармуҳаррири идораи барномаҳои ҷавонӣ, варзиш, занон ва оилаи “Телевизиони Тоҷикистон” эълон гардида, бо сертификат ва туҳфа қадрдонӣ карда шуданд.

Инчунин, барои пешниҳоди маводи ҷолиб дар бахшҳои болозикр Нарзулло Ҷураев, хабарнигори АМИТ “Ховар”, Бахтовар Сафаров, хабарнигори ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи pressa.tj, Фируза Мирҷумаева,  журналисти телевизиони вилоятии “Диёр”-и вилояти Суғд, Гулнора Насриддинова, хабарнигори радиои “Садои Душанбе”, Хусрав Шосаидов, хабарнигори Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сазовори Сертификат гардиданд.

Маврид ба зикр аст, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро бо агентиҳои дахлдори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба роҳ мондааст. Аз ҷумла соли 2020 «Ёддошти тафоҳум байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ИМА оид ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ (USAID)” дар асоси протокол барои то соли 2025 тамдид гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 1,421
  • 1,421
  • 957,943