ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ БАШАРДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Кумаки моддии Раҳмон Озода Эмомалӣ ба Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара

ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ БАШАРДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Кумаки моддии Раҳмон Озода Эмомалӣ ба Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара
Май 13
18:06 2020

13 май дар доираи татбиқи ташаббусу иқдомҳои иҷтимоӣ ва бо пайравӣ аз хислатҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии паҳншавӣ ва табобати мубталоёни бемории нави короновирус — COVID-19 аз тарафи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ ба Беморхонаи марказии ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон кумаки моддӣ расонида шуд. Кумак асосан аз маҷмуи рахти хоб иборат буд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Имрӯз ба Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара 100 кати тиббии хоб, 100 курпача бо 100 болишти пахтагӣ, дар маҷмуъ 100 рахти хоб, супорида шуд.

Кормандони беморхона барои ин таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипоси беандоза карда, иброз намуданд, ки бо тамоми масъулият хизмати мардумро ба ҷо меоранд. Баҳри таъмини солимии ҷомеа аз тамоми имкониятҳои корӣ ва кумаки моддии Ҳукумати мамлакат самаранок истифода мебаранд.

Ҳамчунин Раҳмон Озода Эмомалӣ ба нақша гирифтаанд, ки  ҳафтаи оянда  беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои мамлакатро, ки ба доруворӣ ниёз доранд, ба маблағи умумии 115 ҳазор сомонӣ бо маводи зарурии доруворӣ таъмин намоянд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 1,474
  • 1,495
  • 962,975