Паёми табрикии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бахшида ба Рӯзи касбии кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Паёми табрикии вазири тандурустӣ ва ҳифзи  иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бахшида ба Рӯзи касбии кормандони  соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Январ 25
09:52 2022

Бо истифода аз фурсати муносиб аз номи худам ва ҳайати мушовараи вазорат кулли кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолиро бо Рӯзи касбиашон, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола рӯзи 25 январ таҷлил мегардад, табрик намуда, барояшон тани сиҳату умри бобракат ва дар корҳояшон барору муваффақият орзумандам.

Мусаллам аст, ки рушди соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус дастгирии иҷтимоии маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробонмонда, собиқадорони ҷангу меҳнат ва оилаҳои камбизоат, инчунин дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббӣ ва иҷтимоӣ дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Ҷаноби Олӣ дар ҳамаи суханрониҳояшон дар ин мавзӯъ махсусан таъкид менамоянд, ки ин табақаҳои осебпазири шаҳрвандон таҳти ғамхории доимии давлату Ҳукумат қарор доранд.

Тавре дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар изҳор намуданд: “Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки бо мақсади ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои тиббиву иҷтимоӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ заминаи моддиву техникии муассисаҳои тиббиву иҷтимоӣ тадбирҳои мушаххас андешад….”

Дар партави ин сиёсати хирадмандона бо мақсади татбиқи вазифаҳои дар назди кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузошташуда роҳбарияти вазорат ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ ва баланд бардоштани масъулияти кормандон тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.

Маврид ба зикр аст, ки дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки ҳамчун қисми муҳими сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбад, 226 муассисаҳо бо теъдоди умумии 3960 нафар кормандон фаъолият дошта, роҳбарияту кормандони муассисҳои хизматрасонии иҷтимоӣ баҳри баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ва таъмини шароити арзандаи зиндагии шаҳрвандон, таъмини кафолатҳои иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа ва рушди минбаъдаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ саҳмгузорӣ доранд.

Итминони комил дорам, ки кормандони соҳа  минбаъд низ содиқона ва бо назардошти арҷгузорӣ ба арзишҳои олии инсонӣ фаъолиятро тақвият бахшида, соли ҷориро бо натиҷаҳои судманд ҷамъбаст хоҳанд кард.

Қайд кардан зарур аст, ки кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  дар ҷараёни фаъолият бевосита бо инсон сару кор мегиранд ва донишу таҷрибаи худро баҳри таъмини солимию рафъи мушкилоти иҷтимоии онҳо сарф менамоянд.

Аз ин рӯ, бо назардошти он ки ба шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта  дар баробари хизматҳои иҷтимоии маишӣ, ҳамчунин хизматҳои иҷтимоии тиббӣ, иҷтимоии равонӣ, иҷтимоии педагогӣ ва иҷтимоии ҳуқуқӣ расонида мешавад, зарур аст, ки кормандони иҷтимоӣ донишҳои амиқи соҳаҳоро дошта бошанд, то хизматҳои босифатро ба истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ пешниҳод намоянд.

Саодати кормандони соҳа дар он аст, ки дар баробари иҷрои вазифаҳои пешбинишуда, ҳамчунин ҳамарӯза кори хайрро  бо дарёфтани дили шаҳрвандони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта ва шод намудани онҳо  анҷом медиҳанд.

Дар ин росто, қайд кардан ба маврид аст, ки ба андозаи 20 фоиз зиёд гаштани музди меҳнати кормандони муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат аз якуми июли соли 2022 аз таваҷҷуҳи навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва кормандон, ки кори пуршарафро анҷом медиҳанд, дарак медиҳад.

Умедворам, ки кормандони соҳа минбаъд низ  дастуру супоришҳои роҳбари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба ҳифзи саломатӣ ва таъминоти иҷтимоӣ беш аз пеш камари ҳиммат баста, тадбирҳои заруриро анҷом медиҳанд.

Боварии комил дорам, ки кормандони соҳа бо масъулияти баланд кору фаъолият намуда, баҳри бо сарбаландӣ ва дастовардҳои беназир пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии ватани азизамон  кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Дар интиҳо ба ҳамаи кормандони соҳа пеш аз ҳама тандурустии комил, хушиҳои зиндагӣ, комёбиҳо дар фаъолият, азму саъйи комил дар ҷодаи расидан ба мақсадҳои наҷибро таманно дорам.

Иди касбии кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муборак бошад!

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 402
  • 1,099
  • 923,614