“Пешгирии зӯроварӣ дар оила дар низоми тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ”

“Пешгирии зӯроварӣ дар оила дар низоми тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ”
Декабр 09
13:20 2020

Имрӯз,  9 декабри соли равон  бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯъи “Тақвияти ҳамкориҳо баҳри фаъолияти муштарак алайҳи зӯроварӣ” мизи мудаввар доир гардид, ки дар он намояндагони як қатор вазорату идора ва  сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.

Дар мизи мудаввар муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода дар мавзӯъи “Пешгирии зӯроварӣ дар оила дар низоми тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” баромад намуд.

Номбурда зимини суханронии хеш иброз намуд, ки масъалаҳои мубориза бар зидди зуроварӣ дар оила, ошкор намудан ва бартарафсозии ин падидаи номатлуби ҷамъиятӣ, ҳамзамон  ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ин самт, бахусус ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои занону кӯдакон, мустаҳкам намудани пояҳои оилаву оиладорӣ дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт корҳои муайяне ба анҷом расонидааст.

Зикр гардид, ки ба салоҳияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар вазорату идораҳо ҷиҳати  иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз 3 майи соли 2014 таҳти №294 “Дар   бораи Барномаи давлатӣ оид ба  пешгирии зӯроварӣ дар оила дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2014-2023” як қатор вазифаҳо вогузор гардидааст, ки муҳимтарини онҳо-ин  таҳия ва татбиқи барномаҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, амалигардонии тавсияҳои методӣ оид ба расонидани кӯмаки аввалияи тиббию равонӣ, инчунин, ҳангоми муроҷиат расонидани кӯмак ва хизматҳои  иҷтимоӣ ба шумор меравад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар заминаи ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ дар доираи татбиқи фармоиши иҷтимоии давлатӣ Барномаи иҷтимоии вазоратро оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила таҳия намуда, барои амалишавии он Ташкилоти ҷамъиятии «Дилафрӯз» ва “Ғамхорӣ”-ро ҷалб гардидааст, ки ташкилотҳои мазкур чорабиниҳои дахлдорро дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила дар вилояти Хатлон амалӣ карда истодаанд.

Дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории байнисоҳавӣ ташкил гардида, дар доираи фаъолияти гурӯҳи кории мазкур оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва татбиқи «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» чорабиниҳои дахлдор, аз ҷумла оид ба ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷабрдидагони хушунати оилавӣ ба роҳ монда шудаанд.

Ҳамзамон, Нақшаи амалҳо байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Филиали GОPА мбХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 таҳия гардида пешниҳод шудааст.

“Таҷрибаи солҳои охир  нишон медиҳад, ки  масъалаи пешгирии зӯроварӣ дар оила на танҳо вазифаи сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, балки бояд вазифаи аҳли  ҷомеа  бошад. Масъалаи мазкур ҳалли худро маҳз дар ҳамбастагӣ  бо ҷомеаи шаҳрвандӣ хоҳад ёфт. Аз ин лиҳоз, вазорату идораҳои дахлдорро лозим аст, ки механизми бозравонӣ ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оиларо коркард намуда, дар дастаҷамъӣ ба ин падидаи номатлуб хотима гузоранд”,-иброз дошт зимни баромади хеш муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 89
  • 1,058
  • 888,501