Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро мавриди истифода қарор доданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро мавриди истифода қарор доданд
Сентябр 01
14:23 2022

1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ бинои нави марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои таълимии навбунёди донишгоҳ аз бинои марказии 10-ошёна бо ду бинои 4-ошёна аз канорҳои чапу рости он иборат буда, барои фаъолияти маъмурият ва таълими донишҷӯён пешбинӣ шудааст.

Бино аз 62 синфхонаи таълимии барҳаво бо ғунҷоиши аз 20 то 30 ҷойи нишаст, толори компютерӣ бо 80 ҷойи нишаст, 90 ҳуҷраи корӣ, 26 нуқтаи ёрирасон, 2 толори лексионӣ бо 500 ҷойи нишаст, 2 толори маҷлис бо 50 ҷойи нишаст ва 4 озмоишгоҳи таълимӣ барои омӯзиши нозукиҳои илми тиб иборат мебошад.

Дар бинои маъмурӣ ва таълимии навбунёд толори калони маҷлисӣ бо 1 ҳазору 600 ҷойи нишаст сохта шудааст.

Толори бошукӯҳу барҳавои маҷлис 7 ҳазору 437 метри мураббаъ масоҳат дорад. Он бо санъати гаҷкорӣ ва нақшу нигори миллӣ ба таври зебо ороиш ёфта, барои баргузории ҷамъомаду чорабиниҳои илмию сиёсӣ, маърифатӣ ва фарҳангию фароғатӣ бисёр мувофиқ аст.

Масоҳати толори хониши электронӣ 291 метри мураббаъ буда, дорои 80 ҷойи нишаст мебошад, ки барои донишҷӯён ҷиҳати аз бар намудани илму дониши муосири тиббӣ мувофиқ мебошад.

Дар ошёнаҳои аз як то сеюм ҳуҷраҳои маъмурӣ, аз ҷумла раёсати рушди кадрӣ, маркази технологияи иттилоотӣ, маркази омӯзиши симулиятсионӣ ва факултетҳо, ҷойгир буда, бо мизу курсӣ ва дигар шароити муосири корӣ муҳайё мебошанд.

Дар ошёнаҳои аз 4 то 9-ум 6 кафедра ҷойгир карда шудаанд, ки аз синфхонаҳои кушоду барҳаво ва озмоишгоҳи замонавӣ иборат мебошанд.

Кафедраи биохимия, ки дар ошёнаи 4-ум ҷойгир аст, дорои шароити муосири гузаронидани озмоишҳои кимиёвӣ аст, ки ҳангоми гузаронидани машғулият васеъ истифода мегардад.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди муассисаи таълимӣ “Маркази омӯзиши симулятсионӣ” таъсис дода шудааст.

Маркази омӯзиши симулятсионӣ дар ошёнаи якуми бинои нав ҷойгир буда, бо муосиртарин дастгоҳҳои омӯзишӣ муҷаҳҳаз аст.

Дастгоҳҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани малакаву маҳорати табибӣ истифода мегарданд, ки тариқи онҳо донишҷӯён бо ҳолатҳои табииву таъҷилӣ рӯ ба рӯ мешаванд.

Марказ аз 7 ҳуҷраи махсусгардонидашуда иборат буда, дар он вобаста ба салоҳияти асосии табибон барои расонидани кумаки таъҷилии тиббӣ, ҳуҷраҳои муоинаи бемор, реаниматсияи дилу шушҳои калонсолон, наврасон ва навзодон, ҳуҷраи ултрасадо ва ҳуҷраи  расонидани кумаки аввалияи тиббӣ шароити мусоид фароҳам мебошад.

Инчунин дар марказ автомашинаи ёрии таъҷилӣ насб карда шудааст, ки тариқи он донишҷӯён ҳолати расонидани кумаки аввалияи тиббиро меомӯзанд.

Дар баробари ин, дар ошёнаи якуми бино студияи таълимӣ таъсис дода шудааст, ки барои сабти маводи таълимии видеоӣ, видеолексияҳо, мустақиман баргузор намудани вохӯрӣ ва ҳамоишҳо тариқи фосилавӣ мусоид аст.

Дар ошёнаи 10-уми иншооти тозабунёди Донишгоҳ осорхона мавҷуд мебошад, ки дар он ёдгориҳои таърихӣ, аксу мусаввараҳо ва дигар маводи вобаста ба таърихи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино нигоҳ дошта мешаванд.

Китобхонаи кушоду барҳавои донишгоҳ дорои зиёда аз 690 ҳазор нусха адабиёти гуногуни илмиву дарсӣ буда, аз ин ганҷинаи бебаҳо донишҷӯён бо самар истифода мебаранд.

Дар ҳудуди Маҷмааи таълимии шаҳраки Шифобахши донишгоҳ бинои 2-ошёнаи ошхонаи замонавӣ бо 600 ҷойи нишаст барои донишҷӯён ва омӯзгорон сохта шуд, ки масоҳати он 3 ҳазору 42 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино яке аз муассисаҳои бонуфузи олии таълимии мамлакат ба шумор рафта, дар самти омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустӣ нақши муҳим дорад.

Донишгоҳ аз рӯйи 5 ихтисос – “кори табобатӣ”, “педиатрия”, “ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа”, “духтури дандон” ва “фарматсия” мутахассис омода менамояд.

Ҳамзамон аз рӯйи 40 ихтисоси таҳсилоти баъдидипломӣ – таҳсил дар интернатура, ординатураи клиникӣ, магистратура, аспирантура, докторантура ва таҳсилоти иловагӣ ба роҳ монда шудааст.

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино 83 сол боз барои муассисаҳои тандурустии мамлакат мутахассис тайёр карда, пойгоҳи асосии таълимӣ, илмию методии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Дар донишгоҳ 1 академик, 4 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳо, 85 нафар доктори илм, профессор, 254 нафар номзади илм, дотсентон ва 406 муаллими калон ва ассистентон фаъолият доранд.

Донишгоҳ дар давраи фаъолияташ зиёда аз 46 ҳазор нафар табиб тайёр кардааст, ки аз он 1 ҳазору 500 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ аз 36 давлати дунё мебошанд.

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино давоми 83 соли фаъолияти худ зиёда аз 46 ҳазор нафар табибону фарматсевтони баландихтисос тайёр кардааст, ки 63 фисади он ба давраи соҳибистиқлолии кишвар рост меояд.

Инчунин Донишгоҳи тиббӣ барои соҳаи тиб 1 ҳазору 634 нафар кадрҳои илмӣ омода кардааст, ки аз онҳо 228 нафар докторони илм ва 1 ҳазору 406 нафар номзади илмҳо мебошанд. Ин нишондиҳанда аз фаъолияти пурсамари донишгоҳ шаҳодат медиҳад.

Дар соли таҳсили 2022 шумораи умумии донишҷӯёни ин боргоҳи бузурги илму дониш 13 ҳазору 504 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамасола шумора ва географияи шаҳрвандони хориҷии хоҳиши дар донишгоҳи мазкур таҳсилкунанда афзоиш ёфта, дар соли таҳсили 2021-2022 дар донишгоҳ қариб ду ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ аз 20 давлати дунё ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

Ҳамзамон дар ин сол 1 ҳазору 874 нафар мутахассиси соҳаи тандурустӣ тайёр шудаанд, ки аз онҳо 1 ҳазору 518 нафар хатмкардагон шаҳрвандони мамлакат ва 356 нафари дигар хатмкардагони хориҷӣ аз 9 давлати ҷаҳон мебошанд.

Аз шумораи умумии хатмкардагони ватанӣ 380 нафар буҷавӣ, 254 нафар тариқи квотаи президентӣ ва 884 нафар тариқи шартнома таҳсил намуданд.

Тайи 5 соли охир аз тарафи раёсати донишгоҳ бо зиёда аз 150 муассисаи илмию таълимӣ ва ташкилоти хориҷӣ ҳамкории судманд ба роҳ монда шудааст.

Имрӯз донишгоҳ бо кишварҳои хориҷӣ, аз қабили Федератсияи Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Молдова, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия, Италия, Шоҳигарии Австрия, Олмон, Шветсария, Канада, Литва, Эстония ва Корея ҳамкории зич дорад.

Давоми 10 соли охир ба донишгоҳ 1 ҳазору 445 нафар донишҷӯён тибқи квотаи президентӣ қабул карда шудаанд.

Дар сохтори донишгоҳ ҳамчунин Хадамоти ректор, 2 раёсат, 12 шуъба, 8 бахш, 15 марказ, 5 факултет, 59 кафедра, аз ҷумла 35 кафедраи клиникӣ, 16 кафедраи назариявӣ ва 8 кафедраи умумитаълимӣ, 20 шӯро ва 27 озмоишгоҳи таълимию илмӣ бо муваффақият фаъолият доранд.

Дар 10 соли охир 12 марказ, 5 шуъбаи алоҳида ва 4 озмоишгоҳ таъсис дода шудаанд, ки самаранок гардидани раванди таҳсил ва фаъолияти донишгоҳро таъмин менамоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таъкид намуданд, ки бо истифода аз беҳтарин шароити дар ин боргоҳи бузурги таълимӣ фароҳамгардида дар самти тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад, зеро ҷомеаи имрӯза ба кадрҳои соҳибтахассуси ин даргоҳ ниёз дорад.

https://www.flickr.com/photos/khadamotimatbuot/52326021141/in/album-72177720301753994

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 226
  • 1,263
  • 841,975