Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод Маркази саломатии деҳаи Зарафшони деҳоти Ҷомиро мавриди истифода қарор доданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод Маркази саломатии деҳаи Зарафшони деҳоти Ҷомиро мавриди истифода қарор доданд
Март 31
19:39 2023

Санаи 31 марти соли равон дар ҷараёни боздид аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зарафшони деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод Маркази саломатиро мавриди истифода қарор доданд.

Корҳои сохтмонӣ ва таъмиру навсозӣ дар ин иншооти соҳаи тандурустӣ моҳи октябри соли 2022 оғоз гардида буд. Пудратчии иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “СМУ-1” мебошад.

Қобили зикр аст, ки сохтмон ва таъмиру навсозии Маркази саломатии деҳоти Зарафшон дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ дар доираи татбиқ гардидани Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”- дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидааст.

Бинои Маркази саломатии деҳаи Зарафшони деҳоти Ҷомӣ якошёна буда, аз 3 толор, 9 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои табибони оилавӣ, муоинаи бемориҳои занона, доругузаронӣ, эмгузаронӣ, таҳлилгоҳу озмоишгоҳ, хатнаи кӯдакон, ташхиси ултрасадо, таваллуд ва баъди таваллуд иборат мебошад.

Баъди таъмиру навсозӣ имконият ва шароити ташхису табобат дар Маркази саломатии деҳаи Зарафшон бо ворид намудан ва муҷаҳҳаз гардонидани таҷҳизоти муосири тиббӣ, ашё, дигар ҷиҳози зарурӣ мувофиқ ба талаботи замон беҳтар ба роҳ монда шудааст.

Ба туфайли фаъолияти Маркази саломатии деҳаи Зарафшон 9 нафар, аз ҷумла 1 табиб, 6 корманди миёнаи тиб, 1 корманди хурди тиб ва хоҷагидор бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин ҳастанд.

Аксари мутахассисони соҳа, ки дар ин Маркази саломатӣ фаъолият мекунанд, сокинони ҳамин деҳот мебошанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба мутахассисони Маркази саломатии деҳаи Зарафшон ва ҳам масъулони соҳаи тандурустии вилояту ноҳия дастур доданд, ки дар фаъолияти касбӣ ба сокинон содиқона хизмат намоянд.

Аз усулҳои муосиру маъмули ташхису табобати беморон истифода намуда, хизматрасонии тиббиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.

Қобили тазаккур аст, ки баъди таъмиру навсозӣ намуди зоҳирӣ, дохили бино, ҳуҷраҳои ташхису табобат ва дигар намуди хизматрасониҳои тиббии Маркази саломатии деҳаи Зарафшон куллан дигаргун, барҳавою зебо, атрофи он сабзазору гулзор ва дилкашу гуворо гардидааст.

Бояд гуфт, ки бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ, дар доираи амалишавии  Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”- дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод    таъмири кулии се Маркази саломатии дигар, Марказҳои саломатии  деҳоти “Ҷомӣ”,   “Бахт”,   “Х.Алиев” идома дошта, таи рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மார்ச்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 205
  • 579
  • 862,685