Пиронсолон-сармояи бебаҳои инсонии миллат. 1 октябр-Рўзи байналмилалии шахсони кўҳансол

Пиронсолон-сармояи бебаҳои инсонии миллат. 1 октябр-Рўзи байналмилалии шахсони кўҳансол
Октябр 01
10:26 2023

Дар сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои ниёзманд ва осебпазири аҳолӣ мавқеи махсус дорад. Дар ин радиф, барои ҳифзи иҷтимоии пиронсолон-ҳамчун қишри осебпазири ҷомеа ва сармояи бебаҳои инсонии миллат, ки ба таваҷҷуҳи доимӣ  ниёз доранд, аз ҷониби  Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам тадбирҳои мушаххас ва муассир роҳандозӣ карда мешаванд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи бештари ҷомеа ба мушкилоти пиронсолон, ки аз рўи таҳлилҳо шумораи онҳо дар сохтори умумии аҳолии кураи замин тамоюли афзоиш дорад, ҷиҳати мусоидат ба некуаҳволии насли калонсол Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 14 декабри соли 1990 Қатъномаи №45/106-ро қабул намудааст, ки тибқи он 1 октябр ҳамчун Рўзи байналмилалии пиронсолон эълон карда шудааст.

Илова бар ин, аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 16 декабри соли 1991 Қатъномаи дигареро таҳти №46/91 қабул намудааст, ки дар он принсипҳои Созмони Милали Муттаҳид нисбати одамони кўҳансол дарҷ гардида, бо дар назар доштани саҳми калони кўҳансолон дар ҷомеа аз давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид даъват ба амал оварда шудааст, ки дар стратегия ва барномаҳои миллии худ барои беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагӣ ва дастгирии пиронсолон чораҳои дахлдор пешбинӣ ва дар амал татбиқ намоянд.

Дар ҷумҳурии мо, ки узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад, аз соли 2003 инҷониб ҳамасола 1 октябр – Рўзи байналмилалии пиронсолон бо баргузории як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла расонидани кумакҳои тиббию иҷтимоии мақсаднок, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ва аёдати ин гурўҳи аҳолӣ аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо қайд карда мешавад.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» аз 2 январи соли 2018, №1480 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 октябр ҳамчун Рўзи пиронсолон расман ба феҳрасти идҳои дар мамлакат таҷлилшаванда ворид карда шудааст.

Дар ин асно, қайд кардан ба маврид аст, ки таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ, бахусус пиронсолон яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии мамлакат маҳсуб ёфта, аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.  Ҷиҳати тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии пиронсолон, дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки  бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016, №636 тасдиқ гардидааст, як қатор чорабиниҳои мушаххас, аз қабили баланд бардоштани сифати  хизматрасонии иҷтимоӣ, ҷорӣ намудани таснифот ва стандартҳои ҳадди ақали хизматрасониҳои иҷтимоӣ, ташкил намудани хадамоти геронтологӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои тиббӣ ва дигар хизматрасониҳои махсусгардонидашуда, ташаккули низоми маблағгузории сарикасии хадамотҳои иҷтимоӣ дар муассисаҳои интернатӣ, ташкили механизмҳои мусоидат ба шуғли ин гурўҳи шаҳрвандон пешбинӣ карда шуданд.

Ғайр аз ин, баҳри дар амал татбиқ намудани ҳуқуқҳои конститутсионии пиронсолон ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо пойгоҳи қонунгузории дахлдор ва таъминкунандаи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони куҳансол як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, консепсияву стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ таҳия, қабул гардида, имрўз бо маром амалӣ шуда истодаанд. Дар пайи ин, тибқи талаботи Барномаи давлатии рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор гардидааст, ки лоиҳаи Барномаи давлатӣ оид ба масъалаҳои пиршавӣ ва дастгирии иҷтимоии пиронсолонро таҳия намуда, то 1 октябри соли равон барои баррасӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ манзур намояд.

Қабули Барномаи мазкур имкон медиҳад, ки барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои пешбинишуда ва ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва некўаҳволии пиронсолон фаолияти мавҷуда идома ёфта ва тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Мо бо боварии комил метавонем қайд намоем, ки давомнокии умри миёна дар Тоҷикистони азизи мо нисбат ба даҳсолаҳои пешин афзоиш ёфта истодааст, ки ин аз беҳтар гардидани шароити зиндагӣ, таъминоти иҷтимоӣ ва сатҳи хизматрасонии тиббӣ шаҳодат медиҳад.

Ба ҳолати 1 январи соли 2023 давомнокии интизории умр дар ҷумҳурии мо ҳангоми таваллуд 75,1 сол, аз ҷумла барои мардҳо – 73,5 сол ва барои занҳо – 76,8 солро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, давомнокии интизории умри аҳолии деҳот нисбат ба аҳолии шаҳрҳо 5,2 дарсад зиёд буда, 76,1 сол, аз ҷумла барои мардҳо – 74,6 сол ва барои занҳо – 77,7 солро ташкил медиҳад. Дар баробари афзоиши шумораи аҳолии синну соли корӣ, шаҳрвандони синни калонсоли қобили меҳнат низ мунтазам меафзоянд ва ин нишондод дар панҷ соли охир 6,3 дарсад афзоиш ёфтааст.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 марти соли 2023 шумораи нафақахӯрон дар кишвар 764 907 нафарро ташкил медиҳад ва ҳамасола ба ҳисоби миёна 3,3 дарсад афзоиш ёфтааст. Аз шумораи умумии нафақахӯрон 372352 нафар ё 51,05 дарсад нафақахӯроне мебошанд, ки нафақаи пиронсолӣ, аз ҷумла нафақаи меҳнатии пиронсолӣ, нафақаи суғуртавии пиронсолӣ ва нафақаи иҷтимоии пиронсолӣ мегиранд.

Ба ҳолати 1 январи соли 2023 андозаи миёнаи нафақа дар кишвар 372,35 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба 6-7 соли пеш ба андозаи 41,05 фоиз зиёдтар аст. Ин тамоюл дар сиёсати иҷтимоию иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши устувор, созанда ва инсондўстона дошта, таҳти назорати бевоситаи Роҳбари давлат қарор дорад. Чунончи, Пешвои  миллат, Президенти мамлакат дар паёми навбатиашон аз 26 декабри соли 2022 бори дигар зикр намуданд, ки “ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азизамон мебошад”. Дар робита ба ин, дар асоси дастури Ҷаноби Олӣ то охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла ба пиронсолон – гирандагони нафақаи иҷтимоӣ  ва иштирокчиёни ҶБВ дар ҳаҷми 600 сомонӣ кумаки молиявии яквақта пардохт карда шуд, ки ҳаҷми умумии он 285 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Илова бар ин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ бо пешниҳоди Сарвари давлат аз 1-уми июли соли 2023:

– андозаи нафақаи заминавӣ 20 фоиз ва нафақаҳои суғуртавие, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин ва пардохт мегарданд, ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир, вале на кам аз 16 фоиз индексатсия, яъне зиёд карда шуданд. Дигар нафақаҳои амалкунанда бошад, ба андозаи 20 фоиз аз меъёри нафақаи заминавӣ зиёд гардидаанд.

Яке аз дигар шаклҳои дастгирии пиронсолон ин пешниҳоди хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ ба шумор меравад. Дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар маҷмўъ шабакаи махсуси ташкилоту муассисаҳои соҳавӣ амал мекунанд, ки аксарияти онҳо бевосита ба пешниҳоди хизматрасонии иҷтимоии пиронсолон машғуланд. Давоми 9 моҳи соли 2023 дар муассисаҳои статсионарии соҳа қариб 400 нафар ба нигоҳубини пурраи давлатӣ фаро гирифташуда, ҳамарўза кормандони иҷтимоии шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ва марказҳои хизматрасонии будубоши рўзона ба қариб 2000 нафар пиронсолон, аз ҷумла 1166 нафарашон шахсони яккаву танҳои барҷомондаанд, хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ расонида мешаванд. Ҳамзамон, дар масими соли ҷорӣ дар осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои соҳа зиёда аз 1000  нафар пиронсолон ба табобати санаторӣ курортӣ фаро гирифта шуданд.

Тибқи махзани иттилоотии АСИСТ (кумакҳои уновнии иҷтимоӣ) соли ҷорӣ ба 4268  нафар пиронсолони яккаву танҳо кумакпулӣ таъин гардида, дар ҳайати оилаҳои камбизоат, ки ба онҳо кумакпулии унвонии иҷтимоӣ таъин ва пардохт карда мешавад, 61 773 нафар нафақахўрони аз 65 – сола боло зиндагӣ мекунанд, ки онҳо аз кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ бархурдор мебошанд. Мувофиқи қонунгузории соҳавӣ ба оилаҳои камбизоат, хусусан шахсони синну солашон аз  80-сола боло хизматрасонии тиббӣ ба таври имтиёзнок пешбинӣ гардидааст.

Таҷлил намудани Рўзи пиронсолон – 1 октябр дар ҳудуди мамлакат, бахусус дар ташкилоту муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аҳамияти хоса дорад, зеро он имкон медиҳад, ки таваҷҷўҳи ҷомеа ба ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодии пиронсолон ҷалб карда шавад.

Қудратулло Қурбонзода, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 710
  • 1,103
  • 947,448