Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ – рӯзи дарҳои кушод

Апрел 06
10:13 2017

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ 8 апрели соли 2016 аз соати 8.00 то соати 12.00 дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковский 2, рӯ ба рӯи Сафорати Олмон дар Душанбе) бо иштироки устодону профессорон ва мутахассони баландпояи соҳавӣ чорабинии умумиҷумҳуриявӣ зери шиори «Депрессия (афсурдаҳолӣ): биёед гуфтугӯ мекунем!» гузаронида мешавад.

Дар доираи чорабинии мазкур, ки ҳамзамон дар вилояту шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад, ҷиҳати пешгирии беморшавӣ дар байни аҳолӣ дар тамоми муассисаҳои тиббии кишвар, аз ҷониби мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб машварат, муоина ва дигар чорабиниҳои ташхисӣ ба таври ройгон анҷом дода мешаванд.

Ҳамзамон, аз ҷониби устодони муассисаҳои олӣ ва касбии  таълимии тиббӣ бо доираи васеи аҳолӣ сӯҳбатҳо ва машваратҳои тахассусӣ гузаронида мешаванд.

Шаҳрвандон тавассути муроҷиат ба ин муассиса ва муассисаи тандурустии макони зист дар сатҳи ҳар як шаҳру ноҳия метавонанд бо машварат ва ташхиси ройгони мутхассисони соҳибтаҷриба фаро гирифта шаванд.

Идома :

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Сентябр 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஆக    
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 993
  • 1,188
  • 1,032,841