Рафти иҷрои барномаҳои миллии соҳавӣ оид ба модару кӯдак ва ғизои солим баррасӣ шуданд

Рафти иҷрои барномаҳои миллии соҳавӣ оид ба модару кӯдак ва ғизои солим баррасӣ шуданд
Сентябр 20
08:50 2023

19 сентябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи назоратии назди муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода вобаста ба рафти иҷрои як қатор барномаҳои миллии соҳавӣ дар самти модару кӯдак ва ғизои солим мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Нахуст аз ҷониби муовини вазир ба Назарқулов Хурсандмурод, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии саломатии равонии кӯдакон ва наврасон” медали “Хизмати шоиста”, ки чанде қабл бахшида ба 32 солагии Истиқлолияти давлатии кишвар аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони фаъоли касбу кори гуногуни кишвар тақдим гардид, супорида шуд.

Доир ба рафти иҷрои барномаҳои миллии соҳавӣ оид ба соҳаи модару  кӯдак ва ғизои солим сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи  вазорат Набиев Зоир маълумот дод.

Қайд карда шуд, ки иҷрои “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак барои солҳои 2020-2024”, “Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» ва “Нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтарсозии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”айни ҳол аз рӯи нақшаҳои тасдиқгардида амалӣ шуда истодаанд.

Гуфта шуд, ки масъалаҳои мазкур таҳти назорати қатъӣ қарор дошта, пайваста дар ҷаласаҳои назди вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳлил ва баррасӣ мешаванд.

Дар идома роҳбарони як қатор муассисаҳои зерсохтори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи вазорат низ ҳисобот пешниҳод намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 11
  • 1,583
  • 1,421
  • 958,105