Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент аз Беморхонаи марказии шаҳр боздид намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент аз Беморхонаи марказии шаҳр боздид намуд.
Декабр 21
09:09 2020

Ёдовар бояд шуд, ки моҳи сентябри соли равон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент бинои нави табобатӣ мавриди истифода қарор гирифта буд. Бинои нави табобатӣ дорои 200 кат буда, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст. Иншооти нав аз таҳхона ва чор ошёна иборат буда, дар он барои ташхису табобати ниёзмандон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар таҳхонаи бино шуъбаи қабул, гӯшаи табиатшифоӣ ва шуъбаи рентгенологӣ — диагностикӣ ҷойгир буда, бахши бемориҳои қалбу эҳёи кардиологӣ дар қабати якуми бино ҷой дода шудааст.

Шуъбаи ҷарроҳии умумии беморхонаи марказӣ имконият медиҳад, ки тамоми навъҳои ҷарроҳӣ дар беморхона гузаронида шавад. Дар утоқҳои кории шуъбаи мазкур дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, катҳои функсионалӣ, таҷҳизоти инфузомат, монитори назди кат васлу насб гардидааст.

Ҳамзамон дар бинои нави Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент шуъбаҳои бемориҳои амрози даруна, эндокринологӣ ва бахши гастроэнтерология ҷойгир буда, дар ҳар бахш мувофиқ ба талабот, таҷҳизоти биохимиявӣ, кардиомонитор, дасгоҳҳои рентгении портативӣ ва электроатсос насб карда шудааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид таъкид кард, ки бо роҳнамоиву дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи тиб ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар бемористонҳо шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Табибонро зарур аст, ки сари вақт бемориро дарёфту муолиҷа намуда, бо ин роҳ саломатии миллатро таъмин намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Декабр 2023
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« நவ்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 736
  • 868
  • 734,855