Раванди амалисозии “Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” дар соли 2022 баррасӣ гардид

Раванди амалисозии “Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” дар соли 2022 баррасӣ гардид
Ноябр 18
17:10 2022

17 ноябри соли равон дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе вобаста ба раванди амалисозии “Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” дар соли 2022 мизи мудаввар доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, намояндагони парлумони кишвар, вазорату идораҳо, шарикон оид ба рушд ва роҳбарону намояндагони як қатор сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки ҳолати беҳтар гардидани вазъи ғизо барои мустаҳкам намудани саломатии аҳолӣ хеле зарур мебошад.

Масъалаҳои ташкили ғизои аҳолӣ яке аз самтҳои асосии стратегии Ҳукумати мамлакат буда, дар солҳои охир қабул гардидани 2 қонун, 2 стратегия, 4 барнома ва 1 нақшаи сатҳи миллӣ  гувоҳи муҳим будани масъалаи мазкур мебошад.

Бо мақсади ҳифзи солимии аҳолӣ ва пешгирии бемориҳои ба ғизо алоқаманд тавассути ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда”-ро қабул намуд. Дар доираи амалисозии қонуни мазкур “Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, №415 тасдиқ гардид.

Мақсади барномаи мазкур пешгирии норасоии микронутриентҳо дар организми инсон ва бемориҳои вобаста ба он (ҷоғар, камхунӣ, норасогии найчаи асаб ва ғайра) тавассути таҳкими заминаи ҳуқуқӣ, пурзӯр намудани фаъолияти байни идораҳо, назорати сифати маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, таъсиси низоми пешгирии бемориҳои ба ғизо алоқаманд бо роҳи ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ бо микронутриентҳо дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Барномаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи амалисозии он ба зиммаи вазорату идораҳои дахлдор вогузор карда шудааст, ки бо ҷалби шарикон оид ба рушд татбиқ карда мешавад.

Дар чорабинӣ як қатор иштирокчиён доир ба рафти татбиқи барномаи мазкур баромад намуданд. Атрофи маърӯзаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби иштирокдорони ҷаласа муҳокимаронӣ сурат гирифт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 695
  • 1,103
  • 947,433