Рушди марказҳои саломатии ноҳияҳои таҷрибавӣ дар заминаи такмили инфрасохтор ва заминаҳои моддию техникӣ

Рушди  марказҳои саломатии ноҳияҳои таҷрибавӣ дар заминаи такмили инфрасохтор ва заминаҳои моддию техникӣ
Январ 25
16:11 2023

Дар баробари   азнавсозии муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва таҷҳизонидани онҳо бо лавозимоти тиббӣ, инчунин, ҷалби мутахассисон ба курсҳои омӯзишии тибби оилавӣ, таъмири куллии марказҳои саломатӣ ва дар замина таъмин намудани шароити хуби корӣ аз зумраи ҳадафҳои аслии Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” маҳсуб меёбад.

Дар баробари корҳои созандаи ба сомон расидашуда аз ҷониби Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” боз ҳам густариш додани доманаи фаъолияти марказҳои саломатии ноҳияи таҷрибавӣ дар заминаи боло бурдани шароити корӣ  такмил додани инфрасохтор ва заминаи моддию техникии марказҳои саломатӣ,     гузаронидани корҳои таъмирӣ,  таъмин намудани онҳо  бо мебел ва таҷҳизоти тиббӣ  дар соли 2022 низ аз ҳадафҳои аслии Лоиҳаи мазкур дониста мешавад.

Дар соли 2022   тибқи нақшаи кории Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори марказҳои саломатии деҳоти шаш ноҳияи нави таҷрибавӣ; Кӯшониён, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, инчунин ноҳияи  Дарвози ВМКБ барои гузаронидани корҳои таъмирӣ дар 35 маркази саломатии деҳот корҳои назарре ба сомон расонида шуданд.

Дар ин давра бобати аз таъмини капиталӣ баровардани 35 марказҳои саломатии ноҳияҳои мазкур бо як қатор корхонаҳои сохтмонӣ шартномаҳои ҳамкорӣ баста шуда,    корҳои таъмирӣ дар 14 маркази саломатии деҳот ба охир расонида шуд.   Ҳамагӣ аз аввали соли равон барои гузаронидани корҳои таъмирӣ  776 801,17 доллари ИМА  маблағ сарфа гардидааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки танҳо дар соли 2022 бо мақсади харидорӣ ва дастрас намудани лавозимоти тиббиву маишӣ ва нақлиёти тиббӣ як зумра корҳои амалӣ ба сомон расонида шуданд.

Дар давраи ҳисоботи дар доираи қисмати харид як қатор шартномаҳои баста шуданд аз ҷумла,

Шартнома оид ба хариди 276 ноутбук барои марказҳои саломатии деҳоти ноҳияҳои таҷрибавӣ бо ҶДММ “Ширкати ояндасоз” ба маблағи 2 468 805,2 сомонӣ. Шартнома иҷро шуд.

Шартнома оид ба хариди генераторҳо ва обгармкунакҳои офтобӣ барои марказҳои саломатии деҳоти ноҳияҳои таҷрибави бо ҶДММ “Ширкати ояндасоз” ба маблағи 319 700 доллари ИМА. Шартнома дар раванди иҷроиш.

Шартнома оид ба хариди 6 адад автомашинаҳои хизматӣ барои гурӯҳҳои назорати сарпарастории шаш ноҳияи нави таҷрибавӣ ва ду адад автомашинаҳои хизматӣ барои Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҶДММ “Нури Бахт” ба маблағи 289 050 доллари ИМА. Шартнома иҷро шуд.

Шартнома оид ба нашр  намудани Дастурамали “Ғизоии табобатии стандарти дар муассисахои тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли”  ба  ҶДММ “Полиграф Групп” ба маблағи 32200 доллари ИМА. Шартнома иҷро шуд.

Шартномаи оид ба харид намудани муляжҳои таълими бо мақсади гузаронидани дарсҳои амалӣ дар доираи омӯзиши тибби оилавӣ барои Марказҳои таълимию клиникии тибби оилавӣ бо ҶДММ “Ситораҳои Аср” ба маблағи 49860 доллари ИМА. Шартнома иҷро шуд

Шартнома оид ба хариди 2 адад авторефрижератор бо мақсади интиқол ва нигоҳдории ваксинаҳо барои Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” бо ҶДММ “Нури бахт” ба маблағи 1 103 220 сомонӣ. Шартнома иҷро шуд.

Шартнома оид ба хариди 15 адад нақлиёти санитарӣ барои марказҳои саломатии деҳоти ноҳияҳои таҷрибавӣ бо ширкати муштарак ҶДММ “Тибтаҷҳизот” ва ширкати “Роял бизнес Солюженс ФЗЕ” ба маблағи 9 712 800 сомонӣ.  Шартнома иҷро шуд.

Шартнома оид ба хариди таҷҳизотҳои тиббӣ барои 38 марказҳои саломатии деҳоти 6 ноҳияҳои нави таҷрибавӣ бо ҶДММ “Дастовард-2016” ба маблағи 415074 доллари ИМА. Шартнома дар раванди иҷроиш.

Шартнома оид ба нашр намудани маводҳои иттилоотӣ оид ба муроҷиати шаҳрвандон  ба  ҶДММ “Арт Медиа” ба маблағи 51500 сомони. Шартнома иҷро шуд.

Бояд зикр намуд, ки дар доираи Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» дар маблағгузории якум то ба соли 2022, бо мақсади такмили инфрасохтори муассисаҳои КАТС-и ноҳияҳои таҷрибавӣ корҳои сохтмонию азнавсозии 37 муассисаҳои тиббӣ дар 9 ноҳияи таҷрибавӣ ва таъмири Маркази таълимию клиникии  тибби оилавӣ дар вилояти Хатлон ба анҷом расонида шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд, ки арзиши умумии сохтмони муассисаҳо 6 688 240 доллари ИМА-ро ташкил доданд ва аз 28 январи соли 2021, ки  санаи оғозшавии Лоиҳа дар доиари маблағгузории иловагии дуюм сурат гирифт, дар се бахш; , маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаҳои фаъолият (МАНФ), Пурзӯр намудани муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ (КАТС), Идоракунии  Лоиҳа, ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва баҳодиҳӣ як зумра корҳои амалӣ ба сомон расонида шуда ин раванд бомаром идома дорад.

 

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 920
  • 1,168
  • 841,406