Санҷиш дар муассисаҳои хизматрасонӣ

Санҷиш дар муассисаҳои хизматрасонӣ
Июл 14
13:29 2020

Бо мақсади назорати муассисаҳои хизматрасонӣ ва риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла дар ошхонаю тарабхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, марказҳои савдо, мағозаю бозорҳо, пӯшидани ниқоб, риояи масофаи байни ҳамдигарӣ, ҳамзамон, дар даромадгоҳҳо санҷидани ҳарорати бадани шаҳрвандон ва истифодаи маҳлулҳои безараргардонӣ, аз тарафи мутахассисони  Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  муассисаҳои хизматрасонии шаҳри Душанбе санҷишҳо ба роҳ монда шудааст.

Имрӯз, 14 июли соли равон мутахассисони хадамоти мазкур дар як қатор муассисаҳои хизматрасонии ноҳияи Шоҳмансур санҷиш гузаронида, бо фаъолияти онҳо шинос шуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ вобаста ба сирояти коронавируси COVID-19 дар Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки аз 15 июни соли равон  ташкилоту муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла марказҳои савдо, бозорҳо, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, ошхонаҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, тарабхонаҳо, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва ғайра бо таъмини безараргардонии мунтазами муассисаҳои мазкур, назорати риояи фосилаи иҷтимоӣ, қоидаҳои санитарию  гигиенӣ ва зиддиэпидемиявӣ ба фаъолият оғоз намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மார்ச்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 469
  • 612
  • 863,561